Ислоҳи камбудиҳо муташакиллиро хоҳон аст

Санаи 5 декабр бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, сардоронDSCF1889и раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои зертобеъ, сарварони баъзе аз муассисаҳои таълимӣ, намояндаи прокуратураи вилоят ҷаласаи мушовараи ғайринавбатии Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.

          Ҷаласа бо суханони ифтитоҳии сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ оғоз гардида, дар он масъалаҳо оид ба Баррасии пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 01.12.2017, №1/84-п-17с «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва ҳифзи амвол дар муассисаҳои таълимии давлатӣ», Баррасии пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 04.12.2017, №11/85-17 «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда вобаста ба вазъи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо китобҳои дарсӣ ва сифати онҳо» мавриди баррасии ҳамаҷиҳата қарор гирифтаанд.

         Роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода аз масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд. Ёрдамчии калони прокурори вилоят Зафар Қаюмзода доир ба риояи санадҳDSCF1884ои меъёрию ҳуқуқӣ, ислоҳи саривақтии камбудиҳои зикргардида ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо дар низоми ҳуҷҷатнигорӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуд.

         Сипас, доир ба натиҷаҳои аттестатсияи литсейи № 6-и шаҳри Исфара, аккредитатсияи литсейи № 1-и шаҳри Конибодом мудири шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Абдураҳим Қурбонов маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

         Доир ба масъалаҳои зикргардида ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар назди ҳозирин вазифагузорӣ кард.

         Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои ҷории ҳаёти соҳаи маорифи вилоят, аз ҷумла аттестатсияи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, рафти зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ, истифодаи сарфаркоронаи маблағҳои буҷавӣ, обуна ба нашрияҳои даврӣ ва соҳавӣ ва ғайра мавриди гуфтугӯи муфассал қарор гирифтанд.

     Ҷаласаи ҳайати мушовара бо вазифагузориҳои сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ба анҷом расид.