АНЪАНА ИДОМА МЕКУНАД

Дар давраи таътили тобистона ва зимистона ба истироҳату фароғат ҷалб намудани собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорони пешқадаму навовар, устодони касбу кори худ ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Соли равон низ ин анъана идома ёфт ва бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 100 нафар  кормандони соҳаи маорифи вилоят аз санаи 19 январ дар осоишгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд. Соли сеюм аст, ки ин иқдоми  шоиста амалӣ мегардад ва кормандони соҳаи маориф баъди табобату истироҳати бофароғат бо нерӯи тоза фаъолияти тарбиявии худро идома медиҳанд.

Тибқи нақшаи Раёсати маорифи вилоят бо мақсади хушу гуворор ҷараён гирифтани фароғати  маорифчиён ташкилу баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангию оммавӣ- шабнишиниҳои адабию бадеӣ, мулоқот бо адибону санъаткорон, вохӯриҳои мухталиф доир мегарданд.

Истироҳаткунандагон аз ин зуҳуроти неки ғамхорӣ  хеле сипосгузоранд.

ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЛИМПИАДАИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11 ОҒОЗ ГАРДИД

DSCF2587Чун анъана дар давраи таътили зимистонаи мактабиён даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 аз фанҳои таълимӣ баргузор мегардад. Имсол низ ин сабқати донишу маҳорат дар мактаби хонадагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дарёфт намудани толибилмони соҳибистеъдод, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби хонандагон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардида истодааст.

Дар расми ифтитоҳи олимпиада раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи маорифи вилоят Мусобек Мироватов ва сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд Дилбар Исмоилова иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулин ба ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ шартҳои озмунро фаҳмонида, ба онҳо барору комёбиҳо таманно карданд.

Тибқи низомнома олимпиада аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ гузаронида шуда, то санаи 31 –уми январ идома меёбад.