ҒОЛИБИЯТ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ

     Даври ҷумҳуриявии озмуни  «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» дар бинои Маркази дарёфт ва рушди истедодҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Шарафи вилояти моро ғолиби даври вилоятӣ омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров Ачилов Ҳ, ҳимоя намуд.

   Дар расми ифтитоҳи озмун директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Назаров. К баргузор намудани чунин тадбирро баҳри боз ҳам баланд бардоштани шавқ ва завқи хонандагону устодон ба илми технология муҳим арзёбӣ намуд.

     IMG-e313a30653f2aa65267cf4e2b5aef1a9-VНатиҷаи холгузории ҳайати доварон навовариҳо ва корҳои назаррасӣ омӯзгори ҷавонӣ пуртаҷрибаи фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров Ачилов Ҳ.-ро ба назар гирифта кабинети технологияи иттилоотии муассисаи мазкур сазовори ҷои дуюм донистанд.

     Раёсати маорифи вилоят барои ноил шудан ба чунин дастовард ба аҳли кормандони Маркази вилоятиии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров изҳори миннатдорӣ намуда, ба омӯзгор Ачилов. Ҳ дар фатҳи қуллаҳои нави музаффарият барору комёбӣ таманно доранд.

НАВРӮЗ ПАДИДАИ НОДИРИ ФАРҲАНГИ БАШАРӢ

   Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Наврӯз — падидаи нодири фарҳанги башарӣ» ва озмуни вилоятии «Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст» баргузор гардид. (далее…)

ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ХОНАНДАГОНИ ВИЛОЯТ ДАР ОЗМУНИ «ТЕХНИКОНИ НАВРАС»

   IMG-114758080981cb23fa2d3a4e01e2831e-VДаври ҷумҳуриявии озмуни «Техникони наврас» таҳти шиори «Мо навоварони асри ХХ1» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осоимӣ  бо иштироки 200 нафар ғолибони даври вилоятӣ доир гардид.
Барномасозӣ», «Энергия ва технологияҳои каммасрафи энергия» ва «Роботтехника» доир шуда, Багирова Яна – хонандаи синфи 10- и Гимназияи ба номи Гёте-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Энергия ва технологияҳои каммасрафи энергия»), Очилзода Парвиз – хонандаи синфи 10- и Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Роботтехника»), Назаров Ҷамшед – хонандаи синфи 9-и МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Ихтироъкорӣ»), Темурхӯҷаев Иқболхӯҷа – хонандаи синфи 7-и МТУҒ  «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Барномасозӣ»), ҷойи 1- ум ва 2 нафар хонандагон Ҳакимов АбдулатиIMG-6af2a7bdd6f0efd3c1f63b9efa4eb8b6-Vф – хонандаи синфи 9-и МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши ««Роботтехника»), Ҷалилзода Дунё – хонандаи синфи 11-и Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон (аз бахши «Барномасозӣ») ҷои дуюмро ба даст оварданд.
Дар маҷмуъ дастаи вилояти Суғд аз ҳисоби ҷойҳои ифтихории ба дастоварда дар миқёси ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 1- ум гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки 6 нафар хонандагони вилояти Суғд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ғолибиятро ба даст оварданд, моҳи май дар даври байналмилалии озмун, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, шарафи ҷумҳурии моро ҳимоя хоҳанд кард.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

   Санаи 15.03.2019 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
20190315_100320Дар кори Шӯро мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсат Раҳмонов Н.А. кормандони шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мудирон ва кормандони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят, гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон, литсейи №5, 6-и шаҳри Исфара, муовини директори литсейи №1-и шаҳри  Бӯстон, сармураббияи Кӯдакистони Президентӣ ва роҳбари идоракунии сифати таҳсилоти Мактаби Президентӣ иштирок доштанд. (далее…)

Олимпиадаи SPELLING BEE

2Санаи 16.03.2019 дар МТМУ #12-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи SPELLING BEE ташкил ва баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 35 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.  (далее…)

Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика

   IMG-2bc8acb6680505e1f14325239ee7116c-V Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 08.03.2019-12.03.2019 дар шаҳри Бангкоки авлати Таиланд олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика баргузор гардид, ки дар он 800 нафар хонандагон беш аз 27 давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд. Ба дастаи ҷумҳурӣ хонандагон аз мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд низ шомил буданд.

    IMG-c59161418e3f24397afc0ca3d5ae0ff0-VДар ҷамъбаст хонандагони синфи 6-и литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Абдуллозода Амир ба гирифтани ҷойи якум, синфи 8 Ботурхӯҷаев Ардашерхӯҷа ба гирифтани ҷойи дуюм, хонандагони синфи 5-и мактаби Президентии шаҳри Бӯстон Ҳакимов Ҷамшед ба гирифтани ҷойи дуюм, Савриддинов Муҳаммадазиз ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардиданд. Ғолибон бо диплом, медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

РӮЗИ МОДАР – ҶАШНИ БАҲОРУ ЗЕБОГӢ

   DSCF7745 Бо омад – омади баҳори нозанин табиат қабои сабз ба бар карда, дарахтон ғарқи гул мегарданд. Мардум бо чеҳраи кушод ва дили гарм ба оғӯши ҳамдигар мераванд. Воқеан ҳам баҳор фасли ҷашну хушиҳост ва нахустин ҷашни зебои он Рӯзи модар аст. Оғози баҳор бо Рӯзи модар шояд розу рамзҳое дорад аз васфи муштаракаи онҳо мисли зебоиву меҳрубонию ҳаётпарварияшон. (далее…)