ҒОЛИБИЯТИ НАВРАСИ ТОҶИК ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАСМКАШӢ

DSCF8915Наздики 20 — сол мешавад, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар вилояти мо фаъолияти  бомаром дошта, 620 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро бо маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, намак ва нахӯд таъмин менамояд. Дар маҷмуъ ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ  ғизои маводи аввалияи 161 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоии 15 шаҳру навоҳии вилоятро саривақт  мерасонад. Ҳамзамон  дар доираи ин барнома дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  сохтмони ошхонаҳои замонавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкили минтақаҳои таҷрибавӣ — истеҳсолӣ дар назди мактабҳо мутташаккилона идома доранд. Ба ҷузъ аз ин иқдомҳои башардӯстона Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ҳамасола ба хотири таҳкими дӯстиву рафоқат байни наврасон, дар руҳияи худшиносӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ озмуни “Расми беҳтарин”- ро роҳандозӣ кардааст, ки беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои пуливу молӣ тақдиронида мешаванд. (далее…)

ҲАДАФ — БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

IMG_1587_новый размер    Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  барои кормандони соҳаи маорифи вилоят дар мавзӯи “Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар толори маҷлисгоҳи “Длюкс” тренинг доир намуд.
Чорабиниро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Хуршед Саидов ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории тренинги мазкур баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ба мардум расонидани арзишҳои ҳифзи муҳити зист мебошад. (далее…)