IMG_1587_новый размер    Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  барои кормандони соҳаи маорифи вилоят дар мавзӯи “Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар толори маҷлисгоҳи “Длюкс” тренинг доир намуд.
Чорабиниро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Хуршед Саидов ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории тренинги мазкур баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ба мардум расонидани арзишҳои ҳифзи муҳити зист мебошад.
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” Икромҷон Мамадов дар бораи Конвенсияи Орхус ва ҳадафҳои он ҳарф зада, қайд намуд, ки Конвенсиям мазкур соли 1998 дар шаҳри Орхуси кишвари Дания ба мувофиқа расида, мақсади он сарҷамъ намудани давлатҳо барои беҳдошти ҳифзи муҳити зист мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июли соли 2001 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуда, то имрӯз фаъолияти бомаром дорад. Дар умум Конвенсияи Орхус дар се самт   — дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо вобаста ба навъҳои мушахасси фаъолият ва дастрасии адолати судӣ ҳадафҳои худро роҳандозӣ мекунад.
Дар рафти тренинг таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифатии экологии мардум аз дастрасӣ ба иттилооти дуруст вобастагии калон дошта, бояд сокинон, хосса хонандагони мактабҳо бояд аз бандҳои конвенсия огоҳии бештар дошта бошанд. Зикр шуд, ки зимни бунёди корхонаҳои саноатӣ бояд фикри аҳолӣ ба инобат гирифта шавад. Зеро бунёди корхонаҳо хоҳ — нохоҳ ба муҳити зист таъсир дорад.
Дар рафти суҳбат омӯзгорон аз шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон қайд намуданд, ки тозаву озода нигаҳ доштани кӯчаву хиёбон, ҷӯйбору роҳравҳоро бештар дар машғулиятҳо талқин созем. Барои ин зарурати ҷорӣ намудани таълими фанни маърифати экологӣ бар манфиати кор аст.
Бо ҷамъбасти таклифу пешниҳодҳои аҳли иштирокдорон барои тақвияти минбаъдаи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии мазкур тренинг анҷом ёфт.

Абдуваҳобов Абдусабур

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>