DSCF8915Наздики 20 — сол мешавад, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар вилояти мо фаъолияти  бомаром дошта, 620 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро бо маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, намак ва нахӯд таъмин менамояд. Дар маҷмуъ ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ  ғизои маводи аввалияи 161 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоии 15 шаҳру навоҳии вилоятро саривақт  мерасонад. Ҳамзамон  дар доираи ин барнома дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  сохтмони ошхонаҳои замонавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкили минтақаҳои таҷрибавӣ — истеҳсолӣ дар назди мактабҳо мутташаккилона идома доранд. Ба ҷузъ аз ин иқдомҳои башардӯстона Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ҳамасола ба хотири таҳкими дӯстиву рафоқат байни наврасон, дар руҳияи худшиносӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ озмуни “Расми беҳтарин”- ро роҳандозӣ кардааст, ки беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои пуливу молӣ тақдиронида мешаванд.
Хушбахтона, соли равон аз миёни хонандагони беш аз 200 давлатҳои ҷаҳон ғолибият насиби хонандаи синфи 2 -и муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии рақами 17-и  ноҳияи Спитамен Мирзоназар Азимов гардид. Номбурда барои ин дастоварди нотакрораш санаи 12 октябр дар тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи байналмилалии озуқаворӣ, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гарид, ширкат варзида бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид.
Субҳи имрӯз ҷиҳати қадршиносии Мирзоназар Азимов роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар вилояти Суғд Шарофат Ҷумъаевна Набиева, кормандони Барнома Шӯҳратҷон Обидҷонов ва Мижгона Раҷабова ба муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии рақами 17-и  ноҳияи Спитамен ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ ба Мирзоназар Азимов тӯҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 100 доллари амрикоӣ, инчунин ба муассиса ба маблағи 200 доллари амрикоӣ лавозимоти расмкашӣ ҳадя намуданд.
Зимни мулоқот  Шарофат Ҷумъаевна Набиева қайд намуд, ки бори нахуст дар миқёси олам ҳунари волои расмкашии як кӯдаки навраси тоҷик сазовор қадршиносӣ шуд ва ин ифтихори тамоми тоҷикистониён аст. Боварии комил дорам, ки дар пайравӣ аз ин дастоварди беназир дигар хонандагони кишвар низ шарафи давлати моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд.
Дар фарҷоми мулоқот чорабинии фарҳангии хонандагони муассисаи мазкур хотири аҳли нишастро шод намуд.
Абдусабур Абдуваҳҳобов

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>