МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД

     101019666_105574764512704_8824714448045342720_o Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан ҷиҳати коҳиш додани бемории сироятии коронавирус навъи COVID- 19 бо  иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи  “Ваҳдат -кафили сулҳ” доир карда мешавад. Ҳамзамон  бо мақсади ба машғулият фаро гирифтани мактабиён дар давраи таътили тобистона ва талқини дар хона ба корҳои фоиданок ҷалб шудани хонандагон бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам” ва “Тозагӣ манбаи саломатӣ”  баргузор карда мешавад. Ғолибони озмун дар остонаи таҷлили ҷашни Ваҳдат бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд. Иштирокчиёни озмун метавонанд сурат ва иншои худро тариқи шабакаҳои иҷтимоии вайбер ва вотсап ба рақами  92- 825- 60 -70 ирсол намоянд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуоти Раёсати маорифи вилояти Суғд

АРМУҒОНИ ИДОНАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ — ИНТЕРНАТ ШАҲРИ БӮСТОН

11Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Раиси вилояти Суғд аз мактаб — интернати шаҳри Бӯстон дидан намуда, бо хонандагон аз наздик мулоқоти озоду самимӣ орост. Зимни суханронӣ Раиси вилоят аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бештар омӯзанд ва маърифати худро баланд бардоранд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дастгир ва мутаккои кӯдакон ҳастанд ва барояшон имконияти таҳсилу истироҳатро фароҳам меоранд. Итминони комил дорам, ки шогирдони ин макони илму дониш дар оянда шахсиятҳои варзида ва чеҳраҳои мондагори арсаи кишвар хоҳанд шуд.
(далее…)

ҶАЛБИ 1000 НАФАР ХОНАНДАГОН БА МАҲФИЛҲОИ ҲУНАРӢ ТАРИҚИ ФОСИЛАВӢ

  222  Бо мақсади дар таътили тобистона ба машғулият фаро гирифтани хонандагон бо дастури Раёсати маорифи вилояти Суғд  дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят айни замон 16 маҳфилҳои техникони ҷавон, табиатшиносон, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва  кишваршиносӣ  тариқи онлайн — фосилавӣ бо фарогирии 220 нафар хонандагон фаъолият доранд. Устодон ҳамарӯза маҳсули дастони толибилмонро назорат бурда, барои сайқали ҳунару маҳорати онҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд. (далее…)