РУШДИ ҲАМАҶОНИБАИ ШАХСИЯТ ВА БА КАМОЛ РАСОНИДАНИ ШАҲРВАНДИ БОШУУР РИСОЛАТИ МОСТ

    1Дар таърихи   27  июли соли 2020 дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП – 1729 нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 ва тараддудҳои имрӯзаи ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз сухан  рафт.
Дар нишасти матбуотӣ наздик ба 30 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ ҳузур доштанд.
Мудирони шуъбаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини пешбурди кори таълиму тарбия низ иштирокчиёни нишаст буданд.
Вобаста ба он ки ба хабарнигорон оиди фаъолияти маорифчиёни вилоят таи шаш моҳи соли ҷорӣ гузориши хаттии муфассал ( пресс- релиз) пешниҳод шуда буд,  байни сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд О. Қ. Каримзода  ва хабарнигорон бе ироаи  маърӯза оид ба натиҷаҳои фаъолиияти маорифчиён дар шаш моҳи соли 2020 якбора  пурсишу посух сурат гирифт.
Дар рафти нишасти матбуотӣ хабарнигорони рӯзномаҳои  “Омӯзгор”  Н. Раҷабзода, “Ҳақиқати Суғд” Ш. Салимова, “Корвони умед”  С. Махкамов, “Эътиқод” Л. Камолиддинов,  ШТР “Азия” М. Атаева, “СМ -1”   М. Шукурова, “Танин” Ӯ.Раҷабова,  радиоҳои  “Суғд”З. Аджихалилова, “Замон” А.Ҷӯраев, “Озодӣ”  М. Мамадраҷаб ва дигарон вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла рванди омодагӣ ба соли нави таҳсил,  тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориии сироятии COVID -19, пардохти  маош ва кӯмакпулиҳо ба  омӯзгорон дар ин давра, теъдоди медалҳои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, таъминоти хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, омодагӣ ба давраи  тирамоҳ ва зимистонгузаронӣ, содиршавӣ ва пешгирии ҷиноят дар байни мактабиён, раванди иҷрои  нақшаи  чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни мубораки 30 – солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  муассисаҳои таълимии вилоят бо саволҳо муроҷиат  карданд.2
Аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ба суолҳои матраҳшуда хеле возеҳ равшанӣ андохта шуда, бо мисолҳои мушаххас корҳои дар ин самт анҷомёфта шарҳу эзоҳ ёфтанд. Мавсуф зимни суханрониаш зикр намуд, ки 21 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят барои дарёфти медалҳои тилло ва нуқра  ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Аз ин теъдод 15 нафар ба дарёфти медалҳои тилло ва нуқра сазовор гардиданд. Тибқи  қарори  Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии бемории сироятии COVID -19  оғози таҳсил дар муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯзи 17 август назардошт шудааст. Дар иртибот ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус маорифчиёни вилоят дар давраи таътил бетарафӣ зоҳир накарда, чанд иқдоми шоистаро пеш гирифтанд. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят тариқи онлайн  фаъолияти 189 маҳфили фосилавии ҳунарҳои мардумӣ, техникӣ ва табиатдӯстонро роҳандозӣ гардида,  ба он беш аз 13287 хонандагон ҷалб гардиданд. Ҳамчунин, озмунҳои фосилавии вилоятӣ аз қабили “ Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам”, “Тозагӣ – гарави саломатӣ”, “Ваҳдат – кафили сулҳ”ташкилу баргузор гардиданд. Дар ин давра аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ 21 ҳазор ниқобҳо дӯхта дар ҳудуди вилоят ройгон тақсим карда шуд.
Инчунин ба дигар саволҳои марбут ба соҳа  аз  сардори Раёсати маориф хабарнигорон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. дар сухани хотимавиаш ба рўзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар нишаст ва барои ҳамкории муфидашон бо маорифчиёни вилоят самимона изҳори сипос кард.
Нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори  умум хеле пурманфиат ҷараён гирифт.

15 медали мактабиёни Суғд

     медали тилло Чанде пеш дар Муассисаи таълимии  давлатии  Мактаби байналмилалии  Президентии шаҳри Душанбе озмуни довталабон барои дарёфти  аттестати аълои  универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати  аълои равиявӣ бо медали  тилло ва нуқра  дар соли таҳсили  2019 — 2020 баргузор гардид. Дар озмуни мазкур  аз муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон  21 нафар барои дарёфти медалҳои тилло ва нуқра  ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Аз ин теъдод 12 нафар ба дарёфти медали тилло, 3 нафар  ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд. 6 нафари дигар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ном ва насаби
хонанда

  Шаҳр, ноҳия

(муассисаи таълимӣ)

Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, аттестати аълои  равиявӣ бо медали тилло ва нуқра
1 Ҳакимов Раҳимҷон хатмкардаи литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд  тилло
2 Зоҳирова Меҳрангез хатмкардаи литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд  тилло
3 Холиқова Таҳмина хатмкардаи гимназияи «Гёте»-и шаҳри Хуҷанд тилло
4 Сатторов Султон хатмкардаи гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд тилло
5 Ҷобирова Азиза хатмкардаи муассисаи таълимии №15-и шаҳри Панҷакент тилло
6 Исоқова Гулшодабегим хатмкардаи гимназияи №1-и ноҳияи Ҷ.Расулов тилло
7 Раҳматуллоева Шукрона Хатмкардаи мактаби Президентии  шаҳри  Бӯстон тилло
8 Сатторова Сарвиноз хатмкардаи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон тилло
9 Сайфиддинова Зебо хатмкардаи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон тилло
10 Набиев Манучеҳр хатмкардаи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон тилло
11 Шарифова Хосиятҷон хатмкардаи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон тилло
12 Ҷонбеков Фаромарз хатмкардаи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон тилло
13 Абдувоҳидова Мадина хатмкардаи литсейи донишкадаи политехникии   шаҳри Хуҷанд нуқра
14 Шерматов Аминҷон хатмкардаи литсейи донишкадаи политехникии  шаҳри Хуҷанд нуқра
15 Эргашева Мунзифа хатмкардаи литсейи донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд нуқра

изображение_viber_2020-07-28_10-21-12 изображение_viber_2020-07-28_10-20-47 изображение_viber_2020-07-28_10-26-23 изображение_viber_2020-07-28_10-26-57 изображение_viber_2020-07-28_10-27-32 изображение_viber_2020-07-28_10-27-14 756765 изображение_viber_2020-07-28_13-32-26 газета 756645 изображение_viber_2020-07-28_12-04-20 изображение_viber_2020-07-28_12-03-34Безымянныйизображение_viber_2020-07-28_13-46-32изображение_viber_2020-07-28_17-27-27

ТАДБИРҲОИ СУДМАНД

   маскаҶиҳати босамар гузаронидани таътили тобистона Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят чанд иқдоми шоистаро пеш гирифт. Аз ҷумла, дар он айёме, ки пандемияи  бемории коронавирус (COVID-19) дар ҷумҳурӣ авҷ гирифт, кормандони Марказ тариқи онлайн  фаъолияти 189 маҳфили фосилавии ҳунарҳои мардумӣ, техникӣ ва табиатдӯстонро роҳандозӣ намуда, беш аз  13287 хонандагонро ба онҳо ҷалб намуданд.
Ҳамчунин, ташкилу баргузории озмунҳои фосилавии вилоятӣ аз қабили “ Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам”, “Тозагӣ – гарави саломатӣ”, “Ваҳдат – кафили сулҳ” дигар аз ибтикороти  Марказ маҳсуб мешавад.
Иқдоми пешгирифтаи маорифчиёни вилоят дар мавриди ташкилу баргузории озмуни фосилавии “Тозагӣ — гарави саломатӣ” аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гарм истиқбол шуд ва ин озмун дар саросари кишвар доман паҳн кард. Ба озмуни мазкур 1032 адад расм – маҳсули мӯқалами наврасон ва 487 иншои беҳтарин пешниҳод гардиданд. Аз ҷониби комиссияи озмунӣ 50 адад маводи беҳтарин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.
Ба қарибӣ Раёсати маорифи вилоят фармоишеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он ҳамкории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо кормандони телевизиони вилоят боз ҳам таҳким меёбад. Тибқи ин фармоиш  байни мактабиёни вилоят озмуни фосилавии вилоятии “Мо – насли истиқлолем” баргузор мегардад ва беҳтарин видеороликҳо, таманниёт, мақола, лавҳаҳои хонандагон тариқи телевизиони Суғд пахш мегарданд.
Фаъолияти кормандони Раёсати маорифи вилоят, аз ҷумла, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар таблиғу ташвиқи тадбирҳои пешгирии бемории ҳамагири COVID-19 назаррас аст. Таблиғотчиён дар ҳайати 28 гурӯҳ муттаҳид шуда, ҷиҳати фаҳмонидани омилҳои пешгирикунандаи ин беморӣ ва дигар амрози сироятӣ  дар байни аҳолӣ  сазоворона саҳм мегиранд. Лозим ба таъкид аст, ки аҳли маорифи вилоят 21 ҳазор адад ниқобҳои тиббӣ таҳия ва ба ниёзмандон ройгон дастрас намуданд.

ТАКМИЛИ ИХТИСОС МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲИ ДОИМӢ

   Аҳамияти калидии соҳаи маориф аст, ки комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ҷаласаи нахустини худро ба соҳаи маориф бахшида, масъалаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2017, №357 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷаласа санаи 18 июни соли равон таҳти раёсати Дилафрӯз Саидӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №5 «Масҷиди Сурх»-и шаҳри Хуҷанд, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷараён гирифта, дар кори он аъзоёни комиссия, вакилони навинтихоби халқ, ҳамчунин таклифшудагон, аз ҷумла муовини  Раиси вилояти Суғд муҳтарам Зайнура Азимӣ, директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд М.Исомаддинзода, роҳбари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии вилояти Суғд», намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд Исомаддинзода Муҳаммад Эргаш доир ба бурду бохти филиали донишкада дар самти татбиқи барномаи мазкур давоми солҳои 2018, 2019 ва чор моҳи соли 2020, хусусан оид ба фарогирии бештари омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос, таъмини сифат ва самаранокии курсҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, технологияи пешрафта ва инноватсионӣ дар курсҳои такмили ихтисос, такмили заминаҳои моддию техникӣ ва илмию методии муассиса, аз ҷумла ташкил ва ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ, хусусан аз фанҳои табиию риёзӣ, забонҳо, ба роҳ мондани омӯзишҳои фосилавӣ ва дигарон дар назди вакилони халқ гузориш дод.
Дар анҷоми гузориш вакилони халқ – аъзоёни комиссия ба музокирот баромада, доир ба масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ташкил ва роҳандозӣ шудани курсҳои такмили ихтисоси фосилавӣ бо назардошти талаботи сироятшавӣ ва паҳншавии бемории нави COVID- 19, ҳаддалимкон зиёд карда шудани соатҳои пешбинишудаи равоншиносӣ барои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, бо назардошти эълон шудани 20-солаи омӯзиши  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба таъсису ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимии фаннии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар ин замина густариш бахшидани ин раванд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди вилоят ва амсоли ин масъалаҳои мубрами вобаста ба такмили ихтисос ва ташаккули малакаи касбии омӯзгорон ба масъулини соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид дода шуданд.