ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ОҒОЗ ЁФТ

    даври вилояти фуруг 4 Дар муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ номаи шодбошии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён расонида, таъкид дошт, ки иқдоми маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шавқ ва завқи сокинони кишварро дубора ба китобу китобхонӣ бештар намуд. Ба ин васила ҳисси хештаншиносӣ,  ватандӯстӣ,  эҳтиром ба таърих ва меъроси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолии сокинон бештар мешавад.
даври вилояти фуруг Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм дар баромадаш зикр дошт, ки озмуни мазкур миёни сокинони кишвар ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуда, дар қиёс ба соли пешин шумораи иштирокчиён ба маротиб зиёд гардидааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мо барандаи фарҳанги бою қадима аст ва ба гузаштаи худ арҷ мегузорад.даври вилояти фуруг 2
Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҳозиринро бо ҳайати ҳакамон, ки иборат аз олимону суханварон, шоирону нависандагони номии кишвар мебошанд, ошно намуда, зикр дошт, ки ба даври сеюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 388 нафар – ғолибони даври шаҳрию ноҳиявӣ роҳхат гирифта,  аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.даври вилояти фуруг 3
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур се рӯз давом хоҳад кард. Ғолибон санаи 25 сенябр муайян мегарданд.