ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «МАЛИКАИ НАВРӮЗӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД

    163239536_287620962972989_3332668262904473892_nДар асоси иҷроиши нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.01.2021, №44 доир ба таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз — 2021 дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «МАЛИКАИ НАВРӮЗӢ» аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.
    Дар чорабинии мазкур Сардори Раёсати маорифи вилоят муҳтарам Каримзода Осим Қосимӣ иштирок намуда, ҳадафи асосии озмуни мазкурро фароҳам овардани шароит барои инкишофи истеъдоди шахсият, баланд бардоштани дарки зебоипарастии кӯдакону наврасон ва ҳавасманд намудани онҳо ба касбу ҳунар унвон намуданд. Мафсуф зимни баромади хеш иброз доштанд, ки озмуни мазкур 5 сол инҷониб баргузор мегардад ва ба озмунҳои дӯстдоштании хонандагон табдил ёфтааст. Инчунин барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ ба масъулин баҳои баланд доданд.163189720_287621342972951_1004759004938327984_n
     Баъди маросими расмӣ ба саҳна 18 маликаҳои Наврӯзӣ аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват карда шуданд ва дар асоси қуррапартоӣ Маликаҳои Наврӯзӣ аз рӯи 5 шарт: хондани шеър дар васфи Наврӯз, иҷроиши рақс ва ё хондани тарона, истеъдоди ман(муаррифии истеъдод ва ҳунарҳои азбарнамуда), намоиши либоси дӯхти худи иштирокчӣ аз рӯи тарҳ ва дизайни Наврӯзӣ ва байтбарак бо ҳа162987472_287621586306260_8160468080807248721_nм қувваозмоӣ намуданд. Инчунин тибқи Низомнома ба доштани гесӯи дароз ва қади баланд имтиёзи иловагӣ ба ҳар як иштирокчӣ дода шуд.
163066934_287621096306309_3801831268232612140_nДар натиҷаи ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо муайян карда шуданд:
Шоҳҷоиза: Азимова Мафтуна — хонандаи синфи 10, МТМУ  №1 ноҳияи Деваштич;
Ҷойи 1. Умарова Лайло — хонандаи синфи 10, МТМУ №33 ноҳияи Ҷаббор Расулов,
Мӯсозода Робия — хонандаи синфи 10, МТМУ №7 шаҳри Панҷакент,
Олимова Суман хонандаи синфи 11 МТМУ  №36 нохияи Ашт;
Ҷойи 2. Исмоилова Мадинаҳ — хонандаи синфи 10,МТМУ  №13 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
Паризод Турсунова- хонандаи синфи 11, МТМУ №7 шаҳри Гулистон,
Малика Латипова — хонандаи синфи 10, Гимназияи №2 шаҳри Бӯстон;
Ҷойи 3. Саида Содиқова — хонандаи синфи 10, Гимназияи  №24 шаҳри Хуҷанд,
Маъмурова Моҳчеҳра — хонандаи синфи 11, МТМУ №12 ноҳияи Зафаробод
Абдуаҳатова Шаҳноза — хонандаи синфи 11, МТМУ  №2 шаҳри Истиклол.
  162561725_287625412972544_3725511856931079006_n Ғолибони озмун бо Дипломи дараҷавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, инчунин тамоми иштирокчиёни даври вилоятӣ бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилоят қадр карда шуданд.

ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ ДАСТАРХОНИ НАВРУЗИИ «ҲАФТ СИН ВА ҲАФТ ШИН» БЕҲТАРИНҲОРО МУАЙЯН НАМУД.

 161854342_286763803058705_8601613038160927061_n  Таърихи 16 марти соли ҷорӣ дар асоси иҷроиши нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.01.2021, #44 доир ба таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз — 2021 дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни Беҳтарин дастархони Наврӯзии «Ҳафт син ва ҳафт шин» аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.
   Дар чорабинии мазкур Сардори Раёсати маорифи вилоят муҳтарам Каримзода Осим Қосимӣ иштирок намуда, ба хони Наврӯзии хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят баҳои баланд доданд.
   Дар чорабинии мазкур 16 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят анвои гуногуни хӯрокаи миллии тоҷиконаро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аксари хӯрокҳо аз ҷониби аъзоёни маҳфилҳои «Рӯзғордорӣ»-и Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят омода карда шуда буд.162332319_286764009725351_6869361710242628233_n
   Ҳайяти ҳакамони озмуни вилоятӣ дар асоси Низомномаи озмун беҳтаринҳоро муайян намуданд ва озмун чунин натиҷа дод:
Ҷойи 1 — Дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент
Ҷойи 2. — Дастаҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Ашт
Ҷойи 3. — Дастаҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон ва ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов
  162888214_286764763058609_4133559448466660043_n  Ҳамзамон барои иштироки фаъолона тамоми иштирокчиён бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ карда шуданд.
     Дастаҳои ғолиб бо Дипломҳои дараҷавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.162126180_286764633058622_6750357565703795015_n

МОДАРОН- ТАРОВАТБАХШИ ҲАЁТ

  1 Дар Муассисаи давлатии мактаби президентии шаҳри Бустон бо иштироки собиқадорон, бонувони  фаъолу барӯманди соҳаи маорифи вилоят ба ифтихори  Рӯзи модар маҳфили идона баргузор гардид.
Чорабиниро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода  ифтитоҳ бахшида, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан аз номи Раҷаббой Аҳмадзода аҳли нишастро табрик намуд. Мавсуф дар идомаи суханронӣ зикр дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати  аввалиндараҷа равона намудаанд. Гиромидошти Рӯзи Модар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидои рӯзгори хуш, рӯзи сабзгуну гулбези модарону бонувон арзёбӣ шудааст. Пешвои миллат  зимни суханрониашон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши модаронро дар таҳким ва рушди ҷомеа, оила, таълиму тарбияи фарзандон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштаанд, ки саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт меафзояд. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бонувонро бо ин ҷашни баҳору зебо табрику таҳният гуфта, барояшон сарсабзиву саломатӣ, зиндагии пурхайру нишот, бахту иқбол, рӯҳи саршору тани нерӯманд ва пирӯзиҳову комгориҳои нав ба нав орзу намуд.3 (1)
Дар идомаи чорабинӣ ғолибону иштирокдорони озмунҳои “Муаллими соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон”, омӯзгорону мураббияҳои навовару пешқадам бо Ифтихорномаю Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати маориф сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзои дастаи ҳунарии назди Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, хонандагони Муассисаи давлатии мактаби президентии шаҳри Бӯстон, ҳофизони мумтоз Дилрабо Қурбонова, Нозими Юсуфзод, Маҳками Баҳриддин ва дигарон бо суруду тарона ва рақсҳои марғуб хотири аҳли нишастро шод намуданд.