Ғолибон муайян шуданд

     IMG_20211117_100958Дар Плнетарияи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ба муносибати эълон гардидани солҳои 2020 — 2040  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” озмуни вилоятии “Мошинаҳои ояндаи коинот”  баргузор гардид.
Ҷонишини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов дар маросими оғози чорабинӣ қайд намуд, ки озмуни вилоятии  “Мошинаҳои ояндаи коинот” дар давраи басо муҳим гузашта истодааст. Зеро бе аз худ намудани техника ва технологияҳои пешқадам тараққиёти ҷомеаи ҷаҳониро тасаввур кардан душвор аст. Ташкилу баргузории озмуни имрӯза ба сайқали донишу малакаи насли наврас вобаста ба аз худ намудани техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва дар оянда фахри халқу миллати сарбаланди мо мегарданд, мусоидат хоҳад кард.IMG_20211117_101627
Дар озмун зиёда аз 100 нафар хонандагони ихтироъкор — намояндагони шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Зафаробод, Деваштич, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Истиқлол ширкат намуданд.
Аз рӯи бахшҳои мошинаҳои ояндаи коинот, мошинаҳои моҳгард, аёниятҳои астраномӣ, паронидани мушак мутаносибан ҷои аввал насиби Некқадам Саидов — хонандаи синфи 10 шаҳри Бӯстон,  Акрамов Далер аз шаҳри Конибодом, Ш. Мустафоқулова ноҳияи Зафаробод, Фарзин Далимов, хонандаи МТМУ № 17, синфи 9,

     IMG_20211117_101911 IMG_20211117_101814 Ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва ба ихтироъчиёни фаъол ва роҳбарони маҳфилҳо бо Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилоят ва Планетария сарфароз гардонида шуданд.

IMG_20211117_111642 IMG_20211117_101814 IMG_20211117_101621 IMG_20211117_101524 IMG_20211117_101513 IMG_20211117_101048 IMG_20211117_101043 IMG_20211117_101040 IMG_20211117_101034 IMG_20211117_101030 IMG_20211117_101023 IMG_20211117_101015 IMG_20211117_101011 IMG_20211117_101008 IMG_20211117_101006 IMG_20211117_101002 IMG_20211117_100948

Бори аввал – минбаъд анъанавӣ

       878787878Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, № АП-44 дар бораи  ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” таи чор рӯз  дар  шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмун баргузор гардид.
Дар давраи ниҳоии ин озмуни бонуфуз вилояти Суғдро 74 нафар, аз ҷумла 37 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 37 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун намояндагӣ намуданд.
Намояндагони вилоят дар аксар бахшҳо ҳунару маҳорат, истеъдоди воло намоиш дода, ба дарёфтҳои ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.676788787
Аз ҷумла, дар бахшҳои биология, география, химия, физика, ихтироъкорӣ ва навоварӣ хонандаи синфи даҳуми Литсейи № 1-и шаҳри Исфара М. Ҷӯраев, хонандаи синфи даҳуми мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров О. Рӯзиев, хонандаи синфи ёздаҳуми мактаби Президентии шаҳри Бӯстон С. Машарифов, хонандаи синфи даҳуми Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ А. Бойматов хонандаи синфи даҳуми мактаби хусусии “Гулчини маърифат”-и шаҳри Хуҷанд И. Темирхоҷаев туфайли донишу маҳорати баланд  ба дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Ҳамчунин, дар озмун донишҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят, намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи бахшҳо ғолибият ба даст оварданд.
сатторова 5  Соҳибони се ҷои аввали озмун бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷом ва мутаносибан бо маблағи 35, 25, 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ  сарфароз гардонида шуданд.
Шоистаи қайд аст, ки иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорномаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 8 нафар  ҳар кадом ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол бори аввал роҳандозӣ гардида, баргузории он солҳои минбаъд анъанавӣ хоҳад гардид.сатторова 2сатторова 4

Д. САТТОРОВА,

сармутахассиси Раёсати
маорифи вилояти Суғд

Арҷгузорӣ ба Парчам ифтихор аз давлат аст.

          640px-Flag_of_Tajikistan.svgТоҷикистони азизи мо ҳамчун  давлати соҳибистиқлол соҳиби рамзҳои давлатии худ аст, ки парчам яке аз онҳо  мебошад. Халқи тоҷик  аз он халқҳои куҳантаърихи ҷаҳонаст,   ки дар тўли таърих соҳиби давлату  парчами хеш буданд.Таърихи  парчамдории тоҷикон хеле рангин аст. “Дирафши ковиёнӣ” ва ё “ Ахтари ковиёнӣ” давоми ҳазорсолаҳо чун рамзу асолати  миллию давлатдорӣ,  муттаҳидӣ ва мубориза  шинохта шудааст.
Санаи 24 –уми ноябри соли 1992  Иҷлосияи 16 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи  Низомномаи  Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро  қабул кард. Дар натиҷа  Тоҷикистони соҳибистиқлолу шарафманд соҳиби  парчами миллии худ гардид.
                                                                 Парчами Тоҷикистони ман,
                                                                 Партави шаъни ман, шони ман.
                                                                 Ҳар нахи тору пуди ту шуд
                                                                 Ришта аз риштаи  ҷони ман.
Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандўстию худогоҳию худшиносӣ, пирўзиву  сарфарозӣ ва ҳувияти  милли мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад.   Мардуми шарафманди  Ватани мо – Тоҷикистони азиз таҳтиПарчами миллӣ обрўю эътибори  мамлакатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Мо — омўзгорон вазифарем, ки оид ба   дар бораи фидокориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдкорию созандагӣ ва рамзҳои давлатӣ дар дарсҳо пайваста ба хонандагон маълумот диҳем. Шогирдонро онҳоро тавре тарбия намоем, ки ба қадри ин Ватану миллат ва муқаддасоти он, аз ҷумла Парчами  давлатӣ расанд. Зеро қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ  ва дигар рамзҳои давлатӣ арҷгузорӣ ва ифтихор аз давлат, аз гузаштаю имрўзи халқу миллат аст..
                                                                                                                                                                  Гулрў ФАЁЗОВА,
                                                                                                                                                                  омўзгори  гимназияи  №2,
                                                                      640px-Flag_of_Tajikistan.svg              шаҳри Бўстон