Амалҳои некро бо қалб бишносем!

    Коршиносон ва ҷомеашиносон бар он назаранд: зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ ё худ фундаментализм, тундгароӣ – ба ифодаи дигар радикализм, ифротгароӣ – ин экстремизм ва даҳшатафканӣ ва ё худ бо ибораи маъмул – терроризм ин ҳама аз маҳрумиятҳои фикрӣ, андеша, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ асос мегирад, оқибат решаи пӯсида дорад. Ва қишрҳои камфаъол ё худ бо ибораи рехта – танбалу худхоҳ ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳои аз ҷиҳати ирода суст шомил мешаванд. Ва дар натиҷаи амалҳои ғайриинсонии худ миёни ҷомеа, бахусус, қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯровариву бадбинӣ, истибдод ва хушунат тавлид месозанд.
    Бино ба таъкиди коршиносон – ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист.
Ҳаёти воқеӣ собит месозад, ки одатан ҷавонон аз надоштани дониш, фаҳмиш, биниш ва кӯшиш ноогоҳона ба ҷараёнҳои ифротгароиву инсонбадбинӣ ҷалб мешаванд. Ва билохира, дар зеҳну шуурашон пур карда шудани ифроту хурофотро худ нафаҳмида, оқибат ба роҳи сарбаста банд мегарданд. Рӯйсиёҳон ба Ватан – модар, давлат ва халқу миллати хеш хиёнат мекунанд. Онҳоро мардум нобахшидаанду ҳеҷ намебахшанд.
Вазифаи мо чунин будаву ҳаст: ҷавононро ба роҳи росту мақсадҳои наҷиб раҳнамоӣ намоем. Саҳифаҳои таърих бозгӯянд: ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст, яъне ӯ бевосита даар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душманӣ ба миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан ва лаънаткардаи халқ мешавад.
    Омӯзиш ва таҳлилҳо собит менамоянд, ки аз фориғболии бархе падару модар ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода бурдан, аз тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовутӣ ҷой доранд. Мутаассифона, падару модароне низ ҳастанд, ки ба ҳаёти фарзандони худ мароқ надоранд.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2-уми августи соли 2011 аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдор дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, дар амалӣ гаштани он саҳми назарраси худро гузоранд.
     “Илмат ба амал чу ёр гардад…” – гуфтани бузургони каломи бадеъ басо муҳим дар ҳар давру замон дониста шудааст. Ва ё худ мутафаккирони бузурги аҳди қадим камолоту рушду рукуди ҷомеаро ба парваришу омилҳои рӯҳияи ҷавонон мансуб медонистанд.
    Муҳимтарин вазифаи омӯзгор аз ҳама пештару бештар ба омӯзиши ҳамаҷониба машғул шуданду расонидани андӯхтаву гирдоварандаи хеш ба дигарон мебошад. Мегӯянд, ҳар амал аввалу охир дорад. Дар ҳар замон донишу хирад вологавҳар аст. Бинобар ҳамин ҳам ҷавононро ҳамеша дар руҳияи меҳанпарварӣ, содиқ будан ба давлат, Ватану миллати куҳантамаддун тарбия намудан қарзи виҷдонии ҳар як фарди дилогоҳ мебошад.
    Ҷомеа тарбиятгари инсон буда, барои ҳар фарди худогоҳ мактаби бузург аст. Фарзандони вафодору садоқатпешаи ҷомеаи муосири мо имрӯз вафодори Ватану миллат ҳастанд. Онҳоро ҳаёт тақозо дорад, ки дар рушду такомули диёри арҷмандамон саҳм гузошта бошанд. Барои пешрафту шукуфоии он ҳиссагузорӣ намоянд. Ватандӯстӣ шарафмандист, масъулият аст ва баҳри ҳифзу оромии Ватан пайваста ҷидду ҷаҳд кардани ҷавонону наврасони диёр саодат, муҳаббат, ваҳдату шарафёр бувад. Дар ин росто мактабу маорифчиёни вилоятамон дар таълиму тарбияи ҳомиёни фардои Ватан ҳамеша комёбанд.
Ғафурҷон АМИНОВ,
сармуҳаррири нашрияи “Маорифи Суғд”,
узви ИЖТ

Ҳар кӣ бо душмании ҳалқ равон аст чу баҳр….

   Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгаройӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайринсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузорад. Бинобар ин дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест, — мегӯянд коршиносону таҳлилгарон. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсту озодихоҳ мебошад.
    Ифротгароӣ ин ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро ба миён меорад. Ин мафҳумҳоро бояд ба ҷавонон саривақт зеҳинишин карда, онҳоро ба самти ҳушёриву зиракӣ ва садоқат ба Ватану миллат ҷалб намоем. Бетарафӣ ба инсони комилу равшанфикр хос нест. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини ин сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто, дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи замин нишонаҳояш ба назар мерасад. Воқеаҳои рухдода собит месозанд, ки терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Саркардагон ва тарҳрезони ҳаракатҳои ифротгаро оқибати фоҷиабори амалу кирдорҳои худро андеша накарда, кӯр-кӯрона гӯё ҷаҳду талош менамоянд. Даргиронидани оташ нисбат ба хомӯш кардани алангаҳои даҳшатбори он кори осон аст. Ҳаким Фирдавсӣ барҳақ фармуда: “Бикуш оташи хурд пеш аз газанд, Ки гетӣ бисӯзад, чу гардад баланд”.
     Афсусбор он аст, ки имрӯз оташ бари домони бархе аз оташафрӯзон часпидааст.
Ақли солим ва амалҳои нек барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ғайриинсонӣ — терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ бояд аз ҷониби ҳамаи доираҳо иқдом гирифта, баҳри баланд бардоштани тафаккур, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҷавонон барномаҳои вижа роҳандозӣ карда шавад.
    Ҷавонони мо бояд ки аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакатамон эҳсоси баланди тафаккур дошта бошанд, ба қадри сулҳу оромӣ бирасанд ва онро арҷ гузоранд. Ин аст ҷавоби онҳо ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ!
Сафар Сафарзода,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
собиқадори соҳаи маориф.
Ноҳияи Мастчоҳ

Бетараф набошем!

    Ноболиғ гуфта шахсони ҳанўз ба камол нарасидаеро меноманд, ки дар иҷрои уҳдадориҳо мустақил нестанд. Мавқеи ҳуқуқии ноболиғон аз рўи хусусиятҳои фарқкунандаи синну солашон таҷрибаи кофии зиндагӣ надоштан, ба баъзе воқеаҳо пурра сарфаҳм нарафтан, оқибати кори худро нафаҳмидан муайян карда мешавад. Ана ҳамин хусусиятҳои фарқкунандаи ноболиғонро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои давлатӣ ҳимояи ҳуқуқҳои онҳоро ба воситаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ мемонанд.
     Яке аз санадҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои ноболиғонро ҳифз менамояд, ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар моддаи 34 -и ин санад муқаррар карда шудааст, ки модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар моддаи 35 оварда шудааст, ки дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати ноболиғон манъ аст.
    Дигар санад марбут ба ҳифзи манфиатҳои ноболиғон ин Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки боби 14 –и он ба ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон ва хусусиятҳои ҷазодиҳӣ ба он бахшида шудааст. Дар ин санад қайд гардидааст, ки ноболиғ будани гунаҳкор ҷазоро сабук мекунад ва ҷазоҳое, ки ба ноболиғони бо қонун дар ихтилофбуда таъин мегарданд, бештар хусусияти тарбиявӣ доранд. Ноболиғон пеш аз мўҳлат шартан аз адои ҷазо озод карда мешаванд ё ҷазои онҳо ба ҷазои нисбатан сабук иваз карда мешавад.
   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» аз 18 марти соли 2015 таҳти №3 муҳимтарин санади ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои қудак мебошад, ки намояндаи қонунии кўдакро дар муносибатҳои ҳуқуқӣ-падару модар, фарзандхондҳо, васӣ, парастор ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда муқаррар кардааст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии мавҷуда бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ба таври доимӣ озмунҳо мегузаронад. Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо вазоратҳои фарҳанг ва тандурустӣ ва сохторҳои маҳаллии он бо мақсади тақвият додани таҷрибаи таълими ҳуқуқии насли наврас дар шакли ташкил ва гузаронидани маърўзаҳои видеоӣ оид ба масъалаҳои тарбияи гендерии ноболиғонро дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонад.
Ҳар як фарди ҷомеаро мебояд кўшишу талошҳои Сарвари давлатро ба инобат гирифта, дарк кунад, ки тарбияи насли наврас вазифаи ў ҳам ҳаст ва дар тарбияи ин қишри ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ бетараф набошад.
Ҳусния ДАВЛАТЗОДА,
омўзгори фанни ҳуқуқи МТМУ№20,
ноҳияи Айнӣ

Андар роҳи худшиносӣ бошем

     Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад.
      Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
     Ифротгароӣ дар кадом шакл, ки бошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Бинобар он ҳамеша ҳушёру зирак будан шарт аст.
    Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Мо омӯзгорон ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Хонандагонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ба роҳи дуруст ҳидоят менамоем Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем.
        Ба хонандагон талқин менамоем, ки андар роҳи худшиносӣ устуворона қадам гузоранд.
Ситора Ҷӯраева,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
Литсейи Донишкадаи политехникии
шаҳри Хуҷанд ба номи М.Осимӣ
 

Бар муқобили терроризм – донишу маърифати комил!

        Аз баъзе расонаҳои бо ном “демократӣ”, “озодандешӣ” ва “мустақил”, инчунин аз шабакаҳои интернетиву иҷтимоӣ аз чаҳор сӯйи дунё ҳар шабу ҳар рӯз, ҳар соату ҳар лаҳза хабари маргу таъқиб, таҳдиду хатанр, ҷангу ноамонӣ, террору муноқишаҳои шеваҳои гӯшношиниду ғайриинсониву разилиро мехонем. Барои қудратхоҳон, ҷойхоҳон аз кишварҳои алоҳида, ба истилоҳ, ҳомиёни ҳуқуқи башар оташафрӯзӣ дар миёни миллатҳо, одамони бегуноҳ дар ақсои олам як кору амали маъмулӣ ва ё муқаррарӣ шудааст. Ин басо риққатовару нобахшиданист.
    Коршиносон таъкид мекунанд – бо баҳонаи макоронаи дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо, демократикунонии ҷомеаҳо ҳазорҳо мардуми хурду калонсоли бегуноҳ ҳаёти худро аз даст медиҳанд, ифротиёну дилсияҳҳо ба занону кӯдакону мӯйсафедон раҳме намекунанд, миллионҳо миллатҳои бумиро бехонаву бесарпаноҳ месозанд, оқибат онҳо бе ҷойи зист мемонанд.
      Ва таҳлилҳо собит менамоянд, ки амалҳои анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта, рушди илму техника ва инсонияту зиндагии онро инкор мекунад.
Аз адабиёти соҳавӣ маълум мешавад, ки ифротгароии динӣ ин як навъ кӯшиши аз дидгоҳи танги динию мазҳабӣ асоснок кардани фаъолияти гуногунҷабҳаест, зӯран ғасб кардани ҳокимият, барангехтани душманию бадбинӣ миёни намояндагони динҳои мухталиф, халадор намудани сулҳу субот ва якпорчагии давлатҳо равона шудааст.
    Дар робита ба ин, барои пешгириии зуҳуроти экстремистию террористӣ ба масъалаҳои ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, тавсияи корҳои равонӣ, ки ба пешгирии хушунат мусоидат менамояд, маҳдудияти иҷтимоии гурӯҳҳои террористӣ, маҳдуд намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ, ошкор ва нест кардани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, рушди сиёсати давлатии мубориза бо терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимою сиёсӣ, ҳамоҳангсозии неруи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, хосса пешгирӣ ва мубориза бар алайҳи терроризм бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Барои муборизаи мақсаднок ва пайваста зидди зуҳуроти номатлуб – терроризм дар байни наврасон ва ҷавонон донишу маърифати комил, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва суботи иродатмандӣ аз ҳар ҷиҳат муҳиму зарурист.
      Дар ин росто, хурду калонсолони диёрамон бояд мавқеъшинос бошанд. Аз ин лиҳоз, дар роҳи тарбияи мақсадноки ояндасозон ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии онҳо эътибори ҷиддӣ додан шарт аст. Бинобар ин мо — кормандони нашрияи вилоятии “Маорифи Суғд”, ки муассисаш Раёсати маорифи вилоят мебошад, фаъолияти касбии хешро ба он равона сохтаем, то дар саҳифаҳои нашрия масоили ватандӯситиву меҳанпарастии мактабиён, тарбияи ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқатӣ, ҳурмату эҳтироми бузургсолон, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, фаъолияти ба замон ҷавобгӯ будани омӯзгорони макотиби вилоят дар ин раванд, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” саҳеҳу воқеъбинона инъикос гарданд.
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
котиби масъули нашрияи
“Маорифи Суғд”

Дарси ҳисоботӣ.

   279969041_371736491666740_967806469839352639_n  Хонандагони синфи чоруми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №18, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки таҳсилашон ба забони русӣ мебошад, дарси ҳисоботӣ баргузор намуданд.
    Дар арафаи анҷоми соли таҳсил баргузор шудани дарси ҳисоботӣ басо рамзӣ аст.Зеро туфаӣли ин дарс хонандагон тавонистанд ба забони рӯсӣ доир ба донишҳои аз ҳама фанҳо омӯхтаашон дар давоми соли таҳсил ҳисобот диҳанд.

(далее…)