ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ — СИФАТИ ТАЪЛИМ

    изображение_viber_2022-05-07_13-30-38-998 Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилоят, ки санаи 7-уми майи соли 2022 бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо баргузор гардид, дар меҳвари таваҷҷуҳ – сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

(далее…)

Эҳсоси гарми меҳанпарварӣ

      279549226_369004775273245_955216344422585132_nДар шаҳри Истаравшан аз тарафи муассисаҳои таълимӣ баҳри муназзам нигоҳ доштани шароити тозагиву ободонӣ, вазъи санитарию эпидемиологии маҳал шанбегии навбатӣ гузаронида шуд.
   Дар шанбегӣ – ин тадбири тозакорӣ, хонандагону омӯзгорон бо мароқи афзун иштирок карда, эҳсоси меҳанпарварини худро афзун намуданд.

(далее…)

Дарси риёзӣ эҷодкорист.

       Талаботи муосири дарс истифодаи равишҳои навро дар таълими математика дар назар дорад. Дар ин раванд омӯзгор ҳангоми тайёрӣ ба дарс аз технологияи ҳисоббарор низ бештар истифода мебарад.
Дарсҳо бо истифода аз муаррифии соҳа бойтару самараноктар гардида, имкон медиҳанд, шавқу завқи хонандагон ба фани математика, фаъолияти маърифатӣ ва муносибати эҷодӣ инкишоф ёбад. Дар давоми фаъолияти корӣ ба хулоса омадам, ки агар ҳангоми фаҳмонидан муаллимон муаррифии компютериро истифода баранд ва ба тамоми меъёру талабот мувофиқ бошад, хонандагон камаш 10-20 фоиз беҳтар азхуд мекунанд.
Муаррифӣ дар дарс танҳо як восита аст, аз ин рӯ, он бояд ба таври қатъӣ ҳангоми зарурат истифода шавад.
Одамон дар як вақт на бештар аз се ҷузъ – далел, хулоса ва таърифро дар хотир дошта метавонанд. Ба сифати тасвир аҳамият додан лозим меояд, агар он баланд набошад, беҳтар аст, ки аз он даст кашидан лозим мебошад.
Беҳтараш видеоҳоро аз 4-5 дақиқа зиёд истифода бояд бурд. Ҳамзамон, ба ороиши эстетикии муаррифӣ диққати калон додан дозим аст. Барои ҳама слайдҳо як услуби ягона бояд интихоб карда шавад – тарроҳӣ набояд кӯдаконро аз маълумоти пешниҳодшуда парешон созад. Дар заминаи монохроматӣ иттилоот осонтар қабул карда мешавад. Кӯшиш кардан лозим, ки барои замина ва матн рангҳои муқобил истифода бурда шавад. Дар маҷмӯъ, равоншиносон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми муаррифӣ на беш аз се ранг истифода гарданд: яке барои замина, дигаре барои сарлавҳа ва сеюмӣ барои матн.    Муаррифии мултимедиявӣ имкон медиҳад, ки на танҳо шавқу рағбатро ба мавзӯъ бедор созад, балки бо иҷрои дурусти техникӣ ва эстетикӣ, аёният, самаранокии дарсро таъмин намуда, тасаввуроти фазоии хонандагонро инкишоф дода, боиси баланд шудани сифати дониш мегардад.

Ойтӯтахон ҚОСИМОВА,

омӯзгори МТМУ №12, шаҳри Хуҷанд

Ибтикори самарабахш

           279217750_369003568606699_8374522064806571228_nСанаи 7-уми майи соли равон дар толори МТМУ №1, шаҳри Гулистон озмуни Стипендияи раиси шаҳр ва бо иштироки аъзоёни коммисия дар ин самт ташкил ва баргузор гардид.
Ин тадбир ҷиҳати таъмини сатҳу сифати донишандӯзии толибилмон нақши муассир мегузорад.

(далее…)

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ!

      279753751_368951148611941_6898858968692854905_nДар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо нишондоди Раёсати маорифи вилоят корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад.
       Таи ҳафтаи охир синфхонаи маҳфили «Сӯзанидузии дастии Лола» аз нав таъмир ва бо тарҳи наву замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуд.

(далее…)

“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”

      Вобаста аз намуди маҳфил (ихтироъкорӣ, тахассусӣ, фаннӣ) мақсад ва вазифаҳои он гуногун мешавад. Агар мақсади ниҳоии маҳфили ихтироъкорӣ дар хонанда бедор намудани ҳисси ихтироъкорӣ ва иштирок дар озмунҳои гуногуни ихтирокорон ва навоварон бошад, мақсади маҳфилҳои фаннӣ васеъ намудани дониш, маҳорат ва малакаи хонанда ва иштирок дар озмунҳои гуногуни фаннӣ мебошад.  (далее…)

Ёде аз диловарон.

        279554985_368897398617316_8176994344153323450_nДар Кӯдакистон «Дилоро»-и шаҳри Хуҷанд, ба ифтихори 77-умин солгарди Ғалабаи бузург маҳфили идона баргузор гардид. Тарбиятгирандагони томактабӣ бо иштироки меҳмонон ёде аз диловариҳои зафармандон карда, суруду таронаҳои ҷангиро замзама намуданд. (далее…)

Поси хотир: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад»

        279319702_368898318617224_5634990927877375080_nДар МТМУ 3-и шаҳри Хуҷанд мувофики нақша чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чорабании бошукуҳ бахшида ба 77-умин солгарди-Ғалаба ба зидди Германияи фашистӣ тахти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад» бо тантана баргузор гардид.
Дар толори муассиса бо иштироки меҳмонон маҳфили илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт. Хонандагон бо шеъру суруд ва гуфторҳо доир ба қаҳрамониҳои бемисли ҳаводиси ҶБВ маълумот доданд.

(далее…)

Боздид аз мактаб.

       279165210_368893601951029_1763744163793719293_nБоздиди сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд — Набизода Мадина Раҳмат аз фаъолияти муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзиши футбол, чавгон ва варзиши аспӣ»-и вилояти Суғд. Иттилоъ дода шуд, ки дар 16 маҳфилҳои муассисаи мазкур зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ҷалб гардидаанд. (далее…)