“ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН”

281733521_376768324496890_6772827248015757397_nБаргузории чорабинӣ дар кӯдакистони рақами 28-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кудакон”, ки ба таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдак бахшида шудааст, падидаи нав дар фазои талиму тарбия буда, умед аст, ки минбаъд дар тамоми вилояти Суғд ба истиқболи гарм рӯ ба рӯ хоҳад шуд. (далее…)

ҲАДАФ — АФЗУН НАМУДАНИ ТЕЪДОДИ ФАРОГИРИИ КӮДАКОН БА МАҲФИЛҲОИ МАРКАЗҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ. ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ПУРШУКӮҲ ДОИР ГАРДИД .

   281352601_376765384497184_8041530809324750739_nДар давоми ду рӯз беш аз 8 ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи мазкур ба Марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фориғ аз дарс ташриф оварда, аз шароиту имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати касбу ҳунаромузӣ бо роҳнамоии роҳбарони Созмони хонандагон шиносоӣ пайдо намуданд.
Аз тарафи роҳбарони маҳфилҳо оиди муассиса, дастовардҳои маҳфил, шароити корӣ, имкониятҳо, имтиёзҳо пурра маълумот дода шуда, барномаҳои рангини фарҳангӣ ва намоиши корҳои дастӣ муаррифӣ карда шуд.

(далее…)

Сабақи арзишманд

     Таҷриба ва омилҳои сулҳи тоҷикон ба ақсои олам собит сохт, ки миллати тоҷик дорои фарҳангу тамаддун ва таърихи бою рангин буда, бо такя ба хиради азалии халқи соҳибфазилат ба даргириҳои дохилӣ хотима бахшид, кишварро аз харобӣ, миллатро аз парокандагӣ, Ватани маҳбубро аз нобудӣ наҷод дод ва бо ҳамин намунаи беназиру қиёснопазири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар равшану болиғ, бунёдӣ ва комил нишон дод.
    Мардуми сарбаланди тоҷик дар зарфи 25-соли пойдории Ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои беназирии иқтисодӣ комёб гардиданд. Баъди ба даст овардани сулҳ ва ризояти миллӣ, новобаста аз мушкилот, дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон мамалакати соҳибистиқлоламон ба марҳалаи рушд ворид шуд ва самараи суръат бахшидани корҳои ободониву бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо пешрафти бо суботи иқтисодиёт ба даст омада, сатҳи зинадагии мардум боло рафт.
Ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз ин Ватану миллат менамоям, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ ва фазои орому осоишта умр ба сар бурда, дар соҳаи маорифи миллӣ фаъолият дошта, аз неъматҳои бузурги Ватани аҷдодӣ ва биҳиштосо истифода мебарам.
    Маҳз, дар даврони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ Ҳукумати кишварамон бо ҳидоятҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона сохт, ки имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, ҷомеаи муосирамон аз он бархурдор буда, некӯаҳволии сокинони диёрамон дар раванди рушду таҳким қарор гирифтааст. Ва ҳоло ҳадафи чоруми стратегии давлат – саноатикунонии босуръати мамлакат бо ташаббус, иқдом ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат сарчашма гирифта, давра ба давра амалӣ шуда истодааст.
    Агар ба гузашта бо чашми хираду тафаккури воло бингарему таҳлил намоем, мебинем, ки ҳамаи ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, ҳосили талошҳо ва азму суботи шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Саҳифаҳои таърих бозгӯянд: солҳои 90-уми асри гузашта мардум раванди худшиносӣ ва худогоҳиро ба таври худ фаҳмиданд ва ин омил ба парокандагии ҷомеа оварда расонд ва ин таҳаввулот ба кишвари тозаистиқлоламон таъсири хулро расонд. Сабаби асоси он сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангию мафкураи маҳдуди мардум, боло гузоштани манфиати шахсиву гурӯҳӣ аз манофеи давлату миллат буд.
    Он айём – давоми беш аз се сол ҳашт даври музокироти сулҳу суботи тоҷикон, бисту як мулоқоти расмиву даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ анҷом дода шуданд, ки ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардондани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллати парешонгаштаи тоҷик буд. Имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду мутамаддину хирадманду фарҳангпарвар мебошанд.
    Солҳои нахусти соҳибистиқлолӣ ва минбаъд дар ду даҳсолаи аввал мардуми тоҷик марҳалаҳои пурпечутоби таърихи навини худро паси сар намуда, дар ин раванд бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ гаштанд. Раво-раво аз буҳрони шадиди иқтисодии солҳои навадуми асри гузашта раҳоӣ ёфта, ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил гардидани кишварамон ин ҳосили ваҳдату сарҷамъист.
Айни замон эҳсос мешавад: Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии худро мустаҳкам намуд ва нуфузу ҷойгоҳи он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд гашт, ки ҳамаи ин аз файзу баракати Ваҳдати миллист.
    Бо чашми дил эҳсос менамоем, ки тӯли 25-соли Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари мо марҳалаи бобарор ва пурифтихор буда, дар заминаи боэътимоди сулҳу оштии миллӣ ва заҳамату фаъолияти пурсамари сокинони мамлакат ҳазорҳо иншооти таъйиноти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ, дар ин ҷараён садҳо ва садҳо муассисаҳои замонавии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ба истифода дода шуданд. Бунёди дигар иншоотҳо давом дорад, ки ин ҳама неъмати соҳибистиқлолӣ ва файзи Ваҳдати миллӣ мебошанд.
    Дар ин масир ҳамчун маорифчӣ ҳамкасбони худро бар он даъват менамоям, ки дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир арзишҳои бузурги миллиро аз манофеи фардиву гурӯҳӣ боло гузорем ва дар пойдорию таҳкими суботи сиёсӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми муносиби хешро гузорем. Ҷавонону наврасони мо бояд аз файзу арзишҳои Ваҳдати миллӣ масъулияти бештаре бардоранд ва дар ин раванд омӯзгорон нақши арзанда дошта бошанд.

Бунёдкорӣ вусъат мегирад

     281629997_375991341241255_391647302008537241_nДар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар ноҳияи Ашт тадбирҳои муфид рӯи кор омаданд.
  Аз ҷумла бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл дар ноҳия биноҳои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 барои 720 нафар хонанда, кӯдакистони хусусии “Бунёд” мавриди истифода қарор гирифтанд.

(далее…)