Сарзамину мулки соҳибдилон

    Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.
    Кишвари мо ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, дорои иқтидори бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойю ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз Шарқу Ғарб ва аз Шимолу Ҷануб мебошад.
    Имрӯз мо бояд донем, Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ҳамватанони азизи мо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошанд, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарозӣ аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи сиёсати ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоранд.
   Вобаста ба гиромидошти дастоварди бузурги халқу миллати тоҷик – Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон таъкид доштанд: “Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандию қарзи фарзандӣ дониста, ба халадор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад”.
Ин садои дили банда аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баланд шуда, пойдории ин неъмати бебаҳоро ба ҳамдиёрони азиз талқин менамоям.

Дасти мадад

   283071289_377559544417768_2695752091346004826_nТашкилоти Барномаи рушди Созмони милали Муттаҳид бо амалҳои хайр ва эҳсонкорӣ ба беҳдошти таълиму тарбия мусоидат менамояд.
    Бо ибтикори ин ташкилот утоқи компютерии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и Ҷаббор Расулов, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и ноҳияи Спитамен ва Литсейи рақами 1-и шаҳри Конибодом таъмир ва компютерҳои нав, интернети баландсуръат, вебкамераҳо, тахтаи синфӣ ва мизу курсӣ тақдим гардид.

(далее…)