ТАВАҶҶУҲ, бори аввал!

     285733457_387340366773019_4478884078204076963_nБа таваҷҷуҳи довталабоне, ки дер монданд ва мехоҳанд тавассути Маркази миллии тестӣ ба мактабҳои олӣ дохил шаванд ё ихтисосҳои қаблан интихобнамудаашонро иваз намоянд, расонида мешавад, ки нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми июн то 30-юми июн бақайдгирии хоҳишмандонро дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2- и шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ менамояд.

Меваҳои Истиқлолу Ваҳдат чунин будаву ҳаст!

 285639165_387318033441919_1793100053556519786_n   Ҳар шахсе, ки аз ҳавои сурурангези Истиқлоли давлатӣ ва фазои гуворои Ваҳдати миллӣ нафас кашида, баҳра мебардорад, дар ин сарзамини биҳиштосои қиёснопазир – Тоҷикистони маҳбубу азизу муътабар зиндагӣ мекунад, кору эҷод менамояд, бояд талош варзад, ки масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷомеаи муосир барои муборизаи беамон ба муқобили падидаҳои манфии иҷтимоӣ – мисли коррупсия ва ҷиноятҳои трансмиллӣ, терроризм ва экстремизм, ки таҳдиду хатари ҷиддӣ ба соҳибистиқлолӣ ва соҳибваҳдатӣ мебошад, баланд бардошта шуда, он ба фаъолияти доимӣ ва бомароми ҳар узви ҷомеаи муосири мо қарор бигирад. Масъулияти инсони комилу худшиносу худогоҳи ватандӯст аслан ҳамин аст!
    Истиқлоли давлатӣ ва ҳамдигарфаҳмии аъзои ҷомеа буд, ки дар қаламрави Тоҷикистони маҳбубамон сохтмони бинои истиқоматӣ, таъмиру тармими мактабу кӯдакистонҳо ва бунёдсозии онҳо, мумфарш намудани роҳҳо, таъмир ва сохтмони пулҳои замонавӣ, иншоотҳои обёриву хизматрасонӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат, соҳибкорону шахсони меҳанпарвар ба ҳукми анъана даромадааст ва ин иқдомҳо аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар истиқболи гарму самимиро ба миён меоварад.
    Барои ҳамаи ин иқдомҳои вусъатбор моро зарур аст, шукрона намоем, дилсофу ғайратманд бошем.
Шӯҳрат Сатторов,
корманди Раёсати маорифи вилояти Суғд

Терроризм хушунаткорист!

    Коршиносони масоили сиёсӣ мегӯяд:- дар масъалаи терроризму ифротгароӣ ва пешгирии ин зуҳуротӣ номатлуб Тоҷикистон мавқеи дурусту калидӣ дошта, дар шинохти таҳдидҳо мавқеи устуворро гирифтааст ва ҳамеша онро маҳкум мекунад.Вақтҳои охир гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва Ҷамоати Ансоруллоҳӣ боз сар брдошта, фаъолияти террористии худро дар саросари ҷаҳон идома медиҳанд. ДИИШ кӯшиши ҷалби тоҷикони минтақаро баҳри анҷоми хушунат ба муқобили давлату Ҳукумат дорад.Дар фазои иттилоотӣ низ гурӯҳи ифротӣ таблиғоти хушунатангезро ба роҳ мондааст ва бо забони тоҷикӣ мавод нашр мекунад.Аз расонаҳои хабарӣ аён мешавад, муаллифони матлаб – ин гурӯҳи тундгаро кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то мушкилотро миёни ифротиён ва кишварҳои ҳамҷавор ба вуҷуд оварда , нооромиву даҳшат ба бор оварданд. Дар ин масир – таъкид мекунанд таҳлилгарони сиёсӣ, мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар шинохти таҳдиду хатарҳо дар миқёси байналмилалӣ воқеӣ ва асоснок мебошанд. Дар ин бора аз ҷониби роҳбарияти сиёсии мамлакат дар нишастҳои байналмилалӣ ҳамеша таъкид мешавад. Кишвари мо – Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давоми бештар аз бист сол бо ин зуҳуроти номатлуб, ки онро “вабои аср “ меноманд, мубориза бурда истодааст.
    Бинобар ин мо – мардуми озодандешу дилогоҳи Тоҷикистони маҳбуб бар зидди зоҳиршавии ақидаҳои ифротгароӣ, тундравӣ, экстремистӣ, ки ба ҳамзистии босубот ва бунёдкоронаву пешрафт ва инчунин сатҳи зиндагиву ҳаёти арзандаву шоистаи одамон, давлату миллат монеа мешавад, муттаҳиду сарҷамъу дар арсаи ваҳдату ҳамбастагӣ бошем!
Шарипова М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Хоини миллат аз дониш дур аст

     Дар вазъияти ҷаҳонии ба миёномада, ҷангӯён- террористону гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ бо ёрии идеология, ришвадиҳӣ ва таҳдидҳо кӯшиш карда истодаанд, ки муаммо ва мушкилиҳои ҳаёти рӯзмарраи одамонро истифода бурда, ғояҳо ва амалҳои террористию ифротии худро дар байни ҷавонон ҷорӣ намоянд.Созмони террористии ба ном Паймони миллӣ дар хориҷи кишвар ва думравонаш дар ҳар куҷо, бо сафсатафурӯшиҳои саркардаи ватанфурӯшу ватангадои пайравони ҳизби наҳзати исломӣ, ки ин созмони бадамалу террористӣ дар Тоҷикистони мо фаъолияташ манъ карда шудааст, хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ, дастёри ӯ Алим Шерзамонови беватан, оромии кишварамонро халалдор кардан мехоҳанд. Қисми ифротгароён мисли Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо кардаҳои худ ва дастнишондодҳои хоҷагони хориҷиашон ба гирдоби амалҳояшон гирифтор гардиданд. Медонем ва хондаем, ки шурӯъ аз 16 –уми ноябри соли 1999, дар кишварамон,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қабул карда шуда, он ҳама гуна муносибатро ба танзим медарорад.
    Таҷрибаи ҳаётӣ собит намудааст, ки ягон шахси донишвару соҳиби илму маърифат даст ба ҷинояту таҳдиду даҳшатафканӣ намезанад. Илму дониш роҳи рости ӯро ҳидоятгар мебошад. Бесабаб Ҳаким Носири Хусрав нагуфтааст.
Асли кас аз кас набошад кам, чу ҷумла з-одаманд,
Лек ҳар кас ҷавҳари илм аст, вологавҳар аст.
Хушбахт касе аст, ки тафаккур ва иродаи пок дорад.
Сарҳатов Б.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Таҷлили бошукӯҳ

285730244_386732676833788_3355787471384423671_n    Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”–и шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукӯҳ таҷлил гардид. Дар ин ҷо гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои табиии тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, бозиҳои варзишӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагон–ғолибон ва иштирокдорони озмунҳои “Техникони наврас”, “Дастони моҳир”, “Шаҳри ояндаи ман”, “Ихтироъкорони беҳтарин” ба намоиш гузошта шуда буданд, ки Раиси вилоят аз онҳо дидан намуд.285630776_386735643500158_6869974171456099303_n
   Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баъди таҳнияти тифлакони саодатманд дар суханони табрикотии худ зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бобати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои маориф, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рӯ овардани онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ғолибони озмун ва иштирокчиёни тантанаҳои ҷашнӣ аз ҷониби Раиси вилоят ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
   Ҳунарнамоии тифлакони босаодат – дилбохтагони санъат ва тақдими композитсияи адабӣ – мусиқӣ анҷомбахши тантанаҳои Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон гардид.

(далее…)