БАДАХШОН ПОРАЕ АЗ ДИЛИ МИЛЛАТ

     284140712_383063277200728_5720479310636711395_nБадахшони куҳӣ, яке аз зеботарин, дилработарин мавзеъест, ки бо мардуми бофарҳангу меҳмоннавозаш бо қуллаҳои осмонбӯс, лаълу гуҳару ёқути бемислаш машҳури оламиён гаштааст. Бадахшони куҳӣ қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми сарбаланди тоҷик буду мемонад…
    Таи чанд рӯзҳои охир воқеаҳои нанговаре, ки дар Бадахшон рух додааст, халқи тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Яке аз чунин ҳодисаи рух дода, ин ҳам безарар гардонидани яке аз лидерҳои ҷиноятпешаи муташаккил, бо номи Маҳмадбоқири Маҳмадбоқир мебошад.
    Маҳмадбоқир кӣ буд? Ӯ ба ном лидери ҷиноятпешаи худхондае буд, ки ба қонун ва мизони давлату ҳукумат зиддият нишон дода худро ҳақиқатхоҳ ва ватанпарвар меҳисобид. Дар асл донишу малакаи зиёде надошта, даст ба беназмию нооромӣ ва парокандагии мардуми осоишта зада, ба раванди сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол халалҳо ворид сохтанӣ мешуд. Ҳарчанд қонун борҳо нисбат ба роҳи хатои пешгирифтааш таъкидҳо карда бошад ҳам, сарфарори накарда, зиддиятҳо нишон медод…
Оқибат ин лидери ғайрирасмӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарии дохилии гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба қатл расонида шуд. Чуноне дида истодаем, имрӯзҳо бархе аз нохалафони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, айбро гардани давлату ҳукумат бор кунанд.
   Аммо бо боварии қотеъона метавон гуфт, ки ҳадафи навбатии хиёнаткорон ҷомаи амал напӯшид!
   Мардуми бофарҳангу боиродаи ВМКБ чун дигар ҳамватанони азизи хеш ба ҳар гуна дасисаҳо дода нашуда, хулосаҳои зарурии хешро бароварда, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоӣ ва дурахшонии фардои халқи тоҷик ҳиссагузорӣ хоҳанд кард.
Сарҳатов Б.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

БА СОЗМОНИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ: РОҲИ МАҚСУД ДУР АСТ

    Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Пушти ин амалҳои нопок аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ қарор дошта, мехоҳанд, ба ҳар роҳу восита авзои сиёсии ҷомеаро ноором созанд.
    Бархе аз ҷавонони гумроҳ имрӯз шомили ин гурӯҳи ҷоҳил шуда, дур аз ёру диёр, хиёнат ба Модари хешу Ватани азиз карда истодаанд. Яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки бо номи поки Ислом ҷавононро ба сӯйи даҳшату ваҳшоният кашида истодааст. Аслан худи ӯ дар бораи ин дини муқаддас чизе намедонаду бо шарикии бархе аз нимчамуллоҳои атрофи хеш ҷавононро ба ҷиҳоду дигар кирдорҳои ваҳшиёна даъват намуда, ҳазорон ҳазор гумроҳшудагонро ба доми марг афтондаю дур аз зану фарзанд намудааст.
    Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Точикистонро осуда зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода, бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷахонӣ паст карда истодааст. Ӯ бо аъзоёни ба ном Хизби назҳати исломӣ, аммо дар асл ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи сентябри 2015 кӯшиш карданд, ки Тоҷикистони гул-гул шукуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хубӣ шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.
    Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаҳои интернетӣ худро сафед кардан мехоҳад ва дар байни мардум худро монанди мусича бегуноҳ нишон медиҳад. Имрӯз пайравони вай зери шиори ӯ ва нақшаву мароми ташкилоташ лоф мезананд, аммо намегӯянд, ки чаро Муҳиддини пешвои ТТЭ ҲНИ дар рӯзи марги модараш кампири Сочак ва падараш бобои Тилло ҳузур надошт? Намегӯянд, ки чаро Муҳидин Кабирӣ, миллату давлат, дину оин ва мазҳаби худро фурӯхт. Намегӯянд, ки чаро 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоиро барои табадуллоти Тоҷикистон ба генерали хоин Назарзода Абдуҳалим додааст? Ин ҳама гувоҳи он мебошад, ки Муҳиддин Кабирӣ як ватанфурӯши хоин аст.
    Воқеоти моҳи сентябри соли 2015 суҳбат ва ҳамкории хиёнаткорону террористоне, чун Кабирию Назарзодаро пурра собит сохтанд. Ҳарчанд худи Кабирӣ ёдовар мешавад, ки ӯ бо Назарзода ҳамкорӣ доштааст, вале рӯзноманигори иғвогар махсусан таъкид менамояд, ки амалҳои Назарзода қувваи дасти шумо нест! Яъне, Кабирӣ худ мегӯяд, ки амалҳои террористонаи сентябрӣ нишонаи дасти ӯянд, лекин рӯзноманигор бечоранолии ин террористро таъкид медорад. Ин ҳама воқеаҳо исботи он ҳастанд, ки Муҳиддин Кабирӣ як хоини ватанфурӯш аст.

Эътимоду эътиқоди устувори мо ба Истиқлолу Ваҳдат

    286836805_390687296438326_3959326343784368689_nСаҳифаҳои таърихи миллат бозгӯянд: Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дастовардани Истиқлоли давлатӣ бо дахолати баъзе қувваҳои дохиливу берунӣ ба нооромиву ноамнӣ дучор гардид.
    Дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ки давлат ва миллати мо дар вартаи нобудшавӣ, парокандашавӣ қарор дошт, Тоҷикистон ба Пешвои сиёсӣ – роҳбари матиниродае ниёз дошт, то пеши роҳи ҷанги пурфоҷиа ва даҳшатбори шаҳрвандиро гирад ва миллатро аз фано гардидан раҳоӣ бахшад.

(далее…)

РЕШАКАН КАРДАНИ КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТҶАМЪИСТ

    286964280_391319399708449_6006860463651899281_nДар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ғаффорӣ Назира Абдуллозода, нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол Қодир, раиси шӯрои иттифоқҳои касабаи коркунони соҳаи маорифи вилоят Самизода Мусобек Самӣ, масъулони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят мизи мудаввар дар мавзӯи “Муқовимат бо коррупсия – таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар» доир гардид.
    286885995_391319443041778_7576088328557559916_nЧорабиниро мудири шуъбаи кадрҳои Раёсати маорифи вилоят Набиҷон Раҳмонов ҳусни оғоз бахшида, салому паёми сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизодаро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари хатарҳои терроризму экстремизм, ҳамчунин амалҳои ришваситонӣ ё ба истилоҳ коррупсионӣ ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи ҳамагонӣ бар зидди коррупсиониро яке аз унсурҳои пешрафтаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин доғи сиёҳи ҷомеа даъват менамоянд.

(далее…)

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН ОИД БА МАСОИЛИ ОБ ДОИР ГАРДИД

   286776345_390736873100035_197737296903239262_n  6-уми июни соли ҷорӣ дар “Кохи Наврӯз” Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили об, ки дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, зери унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” доир гардид, дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист, уқёнусҳо ва моҳидорӣ Виргиниюс Синкявичюс, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ,          намояндагони ташкилоту идораҳо ва зиёда аз 200 ҷавони фаъол аз 30 давлати дунё иштирок намуданд.

(далее…)

Сабақи сулҳу Ваҳдат

 285639165_387318033441919_1793100053556519786_n   Сулҳу Ваҳдати миллӣ дар кишварамон – Тоҷикистони соҳибихтиёр, ҳақиқат ва воқеият аст, ки ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёфтааст.
    Аз ин шукрона дорему хушиқболем. Имрӯз 25 сол боз сулҳи тоҷикон мактаби омӯзиш ва баҳрабардорӣ барои кишварҳои сулҳҷӯй муаррифӣ шудааст. Сабақҳои сулҳи тоҷикон боиси омӯзиш қарор гирифта, дигар давлатҳои сулҳхоҳ пайрави он гардидаанд.
    Шароиту вазъ дар назди хурду бузургсоли Ватани маҳбуб сабақеро пеш меоварад: — шароити феълии ҷаҳонӣ аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатпарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иқрор тақозо мекунад, ки ба қадри сулҳу оштии миллӣ, Ваҳдату салоҳ, оромиву осудагӣ ва ҳамбастагие, дорем, бирасем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас бидонем.
     Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеаи худ табдил диҳем. Агар мо — мардуми ин кишвари ваҳдатофар, имрӯз тавонем, ки ин расолати миллиамонро иҷро намоем, бузургтарин, шарафмандтарин сабақе хоҳад буд, ки аз раванди сулҳу ваҳдат, ҳамбастагиву ҳамгироиҳоямон, мушарраф гаштаем.
Маъруфҷон Ҳомидов,
корманди нашрияи “Маорифи Суғд”

Авроқи созишнома – рӯзи мубораку таърихӣ

    286836805_390687296438326_3959326343784368689_nЯк шиносам, ки аз илму маърифат, донишу фарҳанг бархурдор мебошад, гуфт: — ба назарам, барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркориро гирифта бошем ва дигар ба иштибоҳе, ки солҳои 90-уми асри гузашта карда будем, роҳ надиҳем, бояд онро ҳаматарафа омӯзем, омӯхта бошем ва дар мактабу донишгоҳҳои қаламрави ҷумҳуриамон таълим додан ба мақсаду мувофиқ мебошад.
Коршиносон мегӯянд, ки оғози болоравии иқтисоди ҷумҳурӣ маҳз баъд аз ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” дар 27-уми июни соли 1997 ба мушоҳида мерасад.
    Ва дар зоти худ нодири сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти дохилимиллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дошт, таваҷҷуҳи алоҳидаву асосӣ ва фавқуллодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз ба он гувоҳӣ додаасту имрӯз ҳамин раванд идома дорад.
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – ин рӯзи саид, рӯзи мубораку фархунда ва таърихӣ ба авроқи ҳаёти давлату миллат собит шудааст.
Шоҳина Шамсиева,
хабарнигори “Дурахшандагон”