Соли равон дар асоси Низомномаи озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015, №29/2 тасдиқ шудааст ва Низомномаи озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.05.2015, №13/1 тасдиқ шудааст, даври аввали озмунҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳо ва даври вилоятиашон рӯзҳои 1 ва 2 декабр доир гардид.
Дар марҳилаи аввали озмуни вилоятии “Мураббии соли Тоҷикистон” 11 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмун аз рӯи 5 шарт — машғулияти таълимӣ, мизи мудаввар, тасвир намудан ва сохтани манзара, дониш ва маҳорати касбии мураббия, ҳолатҳои равонӣ — педагогӣ ширкат варзида, 3 нафарашон: Ахмедова Ирода — мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и шаҳри Конибодом, Ҳоҷибоева Таҳмина — мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8 -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Сафарова Манфиат — мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии 7-и ноҳияи Мастчоҳ ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар даври ҷамъбастӣ довталабон аз рӯйи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа донишу маҳорати худро намоиш доданд.
Боиси қайд аст, ки ҳамаи иштирокчиён аз уҳдаи иҷрои шартҳо ба хубӣ баромаданд ва аз воситаҳои аёнӣ, диск ва таҷҳизоти дастисохт моҳирона истифода бурданд.
Дар ҷамъбаст мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8 -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -Ҳоҷибоева Таҳмина сазовори ҷойи якум гардид ва ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.
Дар марҳилаи аввали озмуни вилоятии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” 15 нафар довталабон — ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмун аз рӯи 6 шарт — дарси конкурсӣ, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, маҷлиси падару модарон, кор бо компутер ва саволу ҷавоб оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ширкат варзида, 3 нафари онҳо: Толибова Заррина Дадобековна — омӯзгори фанни физикаи муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи №15-и шаҳри Хуҷанд, Ҷалолова Дилором Олимҷоновна — омӯзгори фанни биологияи МТДМ хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Турсунов Аҳлиддин — омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №12-и ноҳияи Зафаробод ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифта, дар даври ҷамъбастӣ аз рӯи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ баромад намуданд.
Дар ҷамъбаст Ҷалолова Дилором Олимҷоновна — омӯзгори фанни биологияи МТДМ хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи якум гардид ва ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.
Мардон Қурбонов, мухбири махсуси нашрияи “Маорифи Суғд”