IMG_9782Дар  маҷлисгоҳи  Гимназияи №1  ба номи  Раҳим  Ҷалили маркази вилоят   бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, таҳсилоти иловагӣ, кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.
Ҷаласаро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ намуда, бардоштҳои хешро аз ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хоҷагии халқи вилоят  оид ба натиҷаҳои  соли сипаригардида баён дошта, ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно кард. Сипас ҳисоботи Раёсати маорифи вилоят дар соли 2020 шунида шуда,  вазифаҳо барои соли равон муқаррар гардиданд.
Зимни музокира сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру навоҳии Истаравшан Диловар Азимов, Исфара Бобохон Саидов, Панҷакент Алишер Мутрибов,   Гулистон  Нурмуҳаммад  Мирзоев, Деваштич Ботур Расулов оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаришуда андешаҳо баён доштанд.  Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҷиҳати ислоҳи камбудӣ ва боз ҳам пешрав гардидани фаъолияти маорифчиёни шаҳру ноҳияҳои зикршуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.143267581_3643471599076865_2322742707917606660_o
Корманди масъули Прокуратураи вилоят Донохон Ҷӯраева аз натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар мавриди дафтардорӣ, таъмини иҷроиши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба танзим даровардани маблағгузории сарикасӣ, роҳ надодан ба таъиноти шахсони масъули молиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби хешовандони наздик ва ғайра гузориши муфассал ироа дошт.
Сипас, нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи аввали соли 2021 аз ҷониби ҳозирин тасдиқ гардида, оид ба натиҷаҳои рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2017, №544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020»  дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷ.Расулов, рафти баргузории аттестатсияи кормандони соҳаи маорифи ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят Сафия Каримова ибрози андеша намуд.
IMG_9795 Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов оид ба натиҷаҳои рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №427 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»  дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан, дар мавриди баррасии маълумоти Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва  илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд “Оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимии вилояти Суғд зимни аттестатсияи таълимгоҳҳо” суханронӣ намуд.
Оид ба натиҷаи рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, № 443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Деваштич бошад, мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят Шӯҳрат Сатторов гузориш дод.
Аз рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, № 443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориши директори Марказҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят Шаҳбоз Бобоназаров шунида шуд.
Инчунин дар назди ҳозирин директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Фирдавс Ашӯрматов оид ба натиҷаҳои иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,  пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд аз 12.01.2021, № 8/4-21 оид ба бартараф намудани  қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои  ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 15.01.2021, №11/4П-21 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда”, пешниҳодҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 23 декабри соли 2020, №16/1-3676, аз 25 январи соли 2021, №16/1-314, №16/1-315, №16/1-316 “Дар бораи андешидани тадбирҳои ҳатмии бартарафсозии сабаб ва шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон мусоидат мекунад”, баррасии мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 25.12.2020 сармутахассис ва мутахассисони пешбари Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов,  Мирҷумъа Бобозода, Алиҷон Собиров суханронӣ намуданд.143119896_3643472069076818_8331695358271145695_o
Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова оид ба рафти иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 353 “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ ба ҳозирин маълумот дод.
Оид ба  масъалаҳои баррасишуда ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пешгирии падидаи номатлуби ҷалби наврасон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои ироагардида ва таъмини ҷамъбасти  муташаккилонаи маъракаи обуна ба матбуоти даврии соли 2021 ва дигар вазифаҳои мубрами соҳа сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Дар идомаи кори ҷаласа ба ҳозирин филмҳои мустанади “Бешарафӣ” ва “Хиёнат”, барномаи “Маърифати ҳуқуқӣ”-и телевизиони вилояти Суғд манзур карда шуд.
Дар хотимаи ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор муҳокима ва қабул гардиданд.
Ғафурҷон Ҷӯраев, Абдусабур Абдуваҳҳобов, “Маорифи Суғд”

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>