Санаи 24.01.2021 дар Литсей №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO(World Robot Olimpiad) баргузор гардид. Дар қатори беш аз 10 даста аз шаҳри Душанбе ба даври ҷумҳуриявии озмун 2 даста аз вилояти Суғд: дастаи маҳфили «Робототехникӣ» — и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва Лигаи Роботи шаҳри Хуҷанд ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта, иштирок намуданд.
Дар натиҷа дастаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар номинатсияи «Муҳандиси беҳтарини робототехникӣ» ғолибиятро ба даст оварда, сохиби «Шоҳҷоиза» гардид. Ҳамчунин дастаи Лигаи Роботи шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи «Амали беҳтарини дастаҷамъона» маҳорати баланд нишон дода, соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки дар дастаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Суғд Раҳимов Абдураҳмон — хонандаи синфи 7, Гимназияи Сафинаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб ҳунарнамоӣ намуд ва аз дастаи Лига Роботи шаҳри Хуҷанд Набиева Саиднисо — хонандаи синфи 7, МТМУ №28,
Ҳакимов Сайфиддин — хонандаи синфи 8, МТМУ #20, Пӯлотов Улуғбек — хонандаи синфи 9, МТМУ# 22 ҳамагӣ аз шаҳри Хуҷанд барандаи озмун гардиданд.
Ба ғолибон Диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сертификати иштирокчии даври ҷумҳуриявии озмун тақдим карда шуд.
Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO дар Тоҷикистон таи 2 сол аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лигаи Роботҳои шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад. Ҳадафи ташкили озмун рушди малакаҳои техникии насли наврас, дарёфти кӯдакони болаёқат ва ҷалби бештари кӯдакон ва наврасон ба ихтироъкориву навоварӣ мебошад. Дар ҳаракати олимпии Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ 70 кишвари олам шомил буда, ҳамасола озмуни мазкур дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор мегардад.
Соли 2020 бо иқдоми роҳбарияти Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд намояндагии ин ташкилоти бонуфуз дар вилояти Суғд созмон дода шуда, дастаҳои вилояти Суғд низ имкони иштирокро дар чунин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ пайдо намуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки дастаи маҳфили «Робототехникӣ» — и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд таҷрибаи кофии иштирокро дар чунин озмунҳои сатҳи чаҳонӣ дорад ва соли 2019 аъзоёни маҳфил дар озмунҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Бишкеки Кирғизистон иштирок намуда, кишвари Тоҷикистонро шоиста муаррифӣ намуда буданд.
Бо бадастовардани Шоҳҷоиза дастаҳои вилояти Суғд ҳуқуқи иштирокро дар даври байналмиллалии озмун пайдо намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва таҳлили Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Суғд