Бахшида ба Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо дар мактаби миёнаи № 11 байни хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд озмуни «Беҳтарин хонандаи китобхон» дар ду давр доир гашт. Дар даври аввал 37 нафар ва дар даври дуюм 16 нафар хонандагон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар озмун хонандагоне иштирок доштанд, ки ба китобу китобхонӣ майлу рағбати зиёде дошта, аз 20 то 150 адад китобҳои бадеӣ қироат кардаанд.
Аъзоёни ҳакамон аз рўи китобҳои хондаи довталабон пурсиш ба амал оварда, ба нутқ, тарзи баён ва шарҳи дурусти китобҳои мутолиа намудаашон баҳогузорӣ намуданд. Озмун аз рўи бахшҳои тоҷикӣ ва русӣ дар алоҳидагӣҷамъбаст гардид.
Хонандагони мактабҳои №7,10,11,14,19, мактабҳои хусусии Рустамов, Кавсар, Файз, Паймони азизон ҷойҳои ифтихориро сазовор гаштанд. Хонандагони мактабҳои 9,16, 20, 22, 23, мактаби хусусии ба номи В.Гёте дар озмун фаъолона иштирок намуданд. Ғолибон барои иштирок дар даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.