Санаи 26 май дар маҷлисгоҳи МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, муовини раиси вилоят Ғаффорӣ Назира Абдуллозода, сардори раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ, ректорони мактабҳои олӣ, сардорони раёсат ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони пешқадам ва собиқадорони соҳаи маориф конфронси илмӣ-амалӣ оид ба муқовимат бо коррупсия, пешгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро доир гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Осим Каримзода оғоз шуд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Абдуллозода дар баромади пурмӯҳтавои худ вазъи риояи қонуният дар муассисаҳои соҳаи маориф ва ҷинояткорию қонунвайронкунӣ аз ҷониби хонандагону омӯзгоронро таҳлил намуд.

Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ҳангоми суханрониаш оид ба санадҳое, ки вобаста ба муқовимат бо коррупсия қабул шудаанд, корҳои дар самти татбиқи онҳо баиҷрорасида, бартариҳои қабули довталабон ва баргузор намудани олимпиадаҳои мактабӣ тариқи Маркази миллии тестӣ маълумот дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, муқовимат бо коррупсия ва пешгирии амалҳои номатлуб дастурҳои мушаххас дод.

Зимни баромади худ муовини якуми сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳ. Дадобоев, ёрдамчии прокурори вилоят оид ба татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ вобаста ба пешгирии ҷиноятсодиркунии ноболиғон М. Саидов, намояндаи раёсати КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ш. Носиров ва сардори шӯъбаи пешгирии ҷиноятҳои коррупсионии раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Д.Зарипов оид ба корҳои иҷрошуда дар самти пешгирии қонуншиканию ҷиноятсодиркунии ноболиғон, рӯ ба афзоиш доштани худкушӣ ва қасд ба ҷон аз тарафи наврасону ҷавонон, ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, содиршавии амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои пешгирии онҳо андешаҳои худро баён намуданд. Онҳо аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама падару модарон ва омӯзгоронро ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар самти решакан сохтани падидаҳои номатлуб даъват намуданд.

Муовини Раиси вилоят Назира Абдуллозода дар суханронии хотимавиаш вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда ва дигар самтҳои фаъолият дар назди аҳли толор вазифаҳои мушаххас гузошт.

Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода барои ташрифашон ба меҳмонон миннатдорӣ баён карда, иброз дошт, ки конфронси илмӣ- амалии имрӯза як қадами қатъӣ мешавад дар самти муқовимат бо коррупсия ва мубориза ба муқобили қонуншиканию ҷинояткорӣ.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев бо иштирокчиён сӯҳбати озод доир намуда, онҳоро бо як қатор санаду барномаҳои соҳавӣ шинос намуд ва барои дар сатҳи баланд ташкил намудани аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронӣ ва хатм маслиҳатҳои судманд дод.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>