Силсиламулоқотҳои сарварони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру навоҳии вилоят бо баргузории мулоқоти озод бо хатмкунанлагони шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт.
Он бо ширкати беш аз 600 нафар хатмкунандагон доир шуд.
Чорабиниро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз баргузории мулоқоти сарварони муассисаҳои олии вилоятро бо хатмкунандагон шарҳ дода, таъкид кард, ки чунин вохӯриҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардиданд ва ҳар як сарвари донишгоҳҳо дастовардҳои таълимию илмӣ ва методии устодону донишҷӯёнро дар бахшҳои гуногун тавсиф карданд. Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и вилоят Мирзотоҳир Набиев аз зарурати роҳандозии чунин ташаббусҳо ёдовар гашта, қайд кард, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд пайваста дар олимпиадаву озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилӣ ширкат варзида, парчами пирӯзиро баланд мебардоранд. Маҳз самараи чунин заҳматҳо буд, ки 55 фисади хатмкунандагон соли гузашта тариқи Маркази милли тестӣ ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуданд.
Сипас, бо намоиши роликҳои рекламавӣ ректори ДДХ Анвар Мақсудов, ректори ДДҲБСТ Ҷамшед Ҷӯрабоев, муовини директори Донишкадаи политехникӣ оид ба илм Турсун Холматов, директори ДИС ДТТ Инъомҷон Аминов, ректори ДКМТ дар шаҳри Чкалов Мухтор Фозилов дастовардҳои як соли охири донишгоҳҳои хешро бо мисолҳои воқеъбинона таҳлил намуданд.
Баъди суханронии роҳбарони мактабҳои олии вилоят хатмкунандагон саволҳои хешро пешниҳод намуда, посухҳои муфассал гирифтанд.