Таи як ҳафта кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии вилоят бо хатмкунандагон доир ба «Низомномаи нави қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар барои солҳои 2016-2020» вохӯриҳо доир намуданд. Зимни мулоқоти озоду ошкоро мутасаддиён қайд карданд, ки мувофиқи Низомномаи мазкур довталаб бояд дар асоси қарори шӯрои омӯзгорони муассисисаҳои таълимӣ, маълумоти тиббӣ, шиносномаи миллӣ, шаш адад суратро ба комиссияи қабули квотаҳо пешкаш намояд. Ҳамчунин хатмкардагони солҳои пешин, довталабони ӯҳдадориҳои ҳарбиро иҷро намуда низ ҳуқуқи дар озмуни квота ширкат варзиданро доранд ва дар сурати гирифтани баҳои баланд, довталабони ба хизмати ҳарбӣ рафта имкони бештари соҳиби квота мегарданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин доир ба нуктаҳои муҳиму махсус: афзалиятнокии соҳаи маориф ва илм, рушди илмҳои техникаву табиатшиносӣ, мукаммалгардонии сатҳи забономӯзӣ, диққати хосса додан ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ дар дабистонҳо, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд сухан гуфта шуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>