Тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 10.03.2016 таҳти №63 санаҳои 29.04.2016, 06.05.2016, 13.05.2016 сол дар Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ-и шаҳри Хуҷанд бо дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оид ба амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани ватандӯстӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар вусъати нерӯи эҷодӣ, кобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони эҷодкор, ки дар ҷанрҳои нақшофарӣ, сурудхонӣ, навозандагӣ, рақс, ровигӣ инчунин барои тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва дар ҷавонон ҳосил намудани маҳорату малакаи баланди мунозира, муошират, пешаи тарзи ҳаёти солим тавсеа бахшад, маҳфили “Хушдилон ва Ҳозирҷавобон” баргузор гардид.
Дар озмун дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Конибодом, Гулистон, аз рӯи низомнома дар се бахш байни худ қувваозмоӣ намуданд. Бахши аввал “Муаррифӣ ё саломнома”, дар он ҳозирҷавобон ва хушдилон дастаи худро ба ҳозирин шинос намуданд. Саволнома шарти дуюми озмун буда, дар ин шарт низ ҳар як даста ҳозирҷавобии худро нишон медиҳад. Дар ин озмун аз тарафи ҳакамон саволҳо дода шуд. Вазифаи хонагии мусиқавӣ дар ин шарт дастаи ҳозирҷавобон ва хушдилон ҳунарҳои мусиқавии худро ба ҳозирин нишон доданд. Суруд, рақс ва ҳазлу мутоибаҳо бо истифодаи мусиқӣ. Баҳодиҳӣ ҳамаи шартҳои мусобиқа аз ҷониби ҳайати доварон муайян карда шуд. Аз рӯи низомнома шартҳо бо ду забон забони давлатӣ ва забони русӣ гузаронида шуд.
Иштирокдорони озмун чунин натиҷаҳоро ба даст оварданд:
Санаи 29.04.2016 дар ҷамбасти озмун ҷойи якум бо 14 хол насиби мактаби хусуси ғайри давлати “Гулчини маърифат” шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм бо 13,6 хол ба мактаби хусуси ғайри давлати “Паймони азизон” шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм бо 13,4 хол ба мактаб гимназияи № 1 шаҳри Бӯстон, ҷойи чорум бо 12,2 хол ба мактаби таҳсилоти минаи умуми № 16 шаҳри Хуҷанд, ҷойи панҷум бо 11,8 хол ба мактаб гимназияи № 1 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. ҷойи шашум бо 10,2 хол ба мактаби таҳсилоти минаи умуми № 3 ноҳияи Спитамен. Дастаҳои ҷойҳои 1,2,3 гирифта ба давраи дуюм рохат гирифтан. Инчунин барои иштироки фаъолона дар давраи якуми озмун бо сипосномаи сардори Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ гардиданд.
Санаи 06.05.2016 дар ҷамбасти озмун ҷойи якум бо 13,4 хол насиби мактаби хусусии ғайридавлатии “Амид”-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҷойи дуюм бо 13 хол ба мактаби хусусии ғайридавлатии “Пӯлотов” ва “Кавсар” — и шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм бо 12,6 хол ба мактаб гимназияи № 13 -и шаҳри Хуҷанд, ҷойи чорум бо 11,6 хол ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ноҳияи Б.Ғафуров ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ноҳияи Деваштич дода шуд. Дастаҳои ҷойҳои 1,2,3 гирифта, ба давраи дуюм роҳхат гирифтанд. Инчунин барои иштироки фаъолона дар давраи якуми озмун бо сипосномаи сардори Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ гардиданд.
Санаи 13.05.2016 дар ҷамбасти озмун ҷойи якум бо 13,8 хол насиби Мактаб гимназияи № 1 шаҳри Гулистон, ҷойи дуюм бо 13,2 хол ба Мактаб гимназияи № 1 шаҳри Конибодом, ҷойи сеюм бо 12,8 хол ба Мактаби хусуси ғайри давлати “Файз” шаҳри Хуҷанд, ҷойи чорум бо 12,4 хол ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 15 шаҳри Хуҷанд, ҷойи панҷум бо 12,0 хол ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 26 шаҳри Хуҷанд, ҷойи шашум бо 10,6 хол ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 16 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дода шуд. Дастаҳои ҷойҳои 1,2,3 гирифта, ба давраи дуюм роҳхат гирифтанд. Инчунин барои иштироки фаъолона дар давраи якуми озмун бо сипосномаи сардори Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ гардиданд.