28-29 майи соли ҷорӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 2-и шаҳри Хуҷанд барои 28 нафар довталабони Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Воронежи Федератсияи Русия ба номи Императори Петр-1 озмун доир гардид. Намояндагони Донишгоҳ довталабонро аз санҷиши тестӣ ва шифоӣ гузарониданд. Дар натиҷа ба 18 нафари онҳо барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи мазкур тавсия дода шуд.