Дастаи футболбозони тарбиятгирандагони мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои  кӯдакони ятиму бепарасторон ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Бӯстон  дар мусобиқаи кушоди бозии футбол байни дастаҳои мактаб-интернатҳо ва хонаҳои бачагони вилоят таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст” дар марҳилаи якӯм ғолиб омада 14-15 апрел дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ низ ҷои якумро ишғол намуд.

Марҳилаи  сатҳи байналмиллалии мусобиқаи кушод оид ба футбол дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия аз 25 то 29 майи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дастаи мактаб-интернати мазкур таҳти унвони “Ғалаба” Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни давлатҳои ИДМ муаррифӣ намуд.

Аз тарафи ташкилкунандагони мусобиқа ҳар як тарбиятгиранда бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва диплому сертификатҳои иштироккунандаи мусобиқаи байналхалқӣ сарфароз гардонида шуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>