Таҳти чунин ном дар толори ситорагии Планетарияи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ машғулият -семинари  доимоамалкунандаи  муаллимони физика ва астрономияи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд  ташкил ва гузаронда шуд. Дар чорабинӣ муаллимони физика ва астрономия ва хонандагони болаёқат, аъзоёни маҳфилҳои Академияи хурди илмҳо бахши “Ситорашиносӣ”–и макотиби шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд.  Дар машғулияти навбатӣ     шунавандагон баромади  муаллими  фанни физика ва астрономияи мактаби таҳсилоти умумии рақами 16 Мирсаидов Эркинро дар мавзӯи: “Баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии хонандагон оиди  Ҳодисаҳои пурасрори табиат ва хатари экологии онҳо” дар раванди таълими физика ва астрономия,баромади муаллимаи мактаби рақами 17 Ҳомидова Муҳабатро дар мавзӯи:“Омӯзиш ва истифодаи навигариҳои астрономӣ ва кайҳоннавардӣ дар раванди таълим” ва баромади  ҷонишини   директори Планетария. Самеъҷон  Хошоковро дар мавзӯи : Истифодаи видеонаворҳои илмӣ дар раванди таълими астрономия”, мавриди муҳокима қарор дода, дар бораи “Таърихи пайдоиши олами кайҳон” филми ҳуҷҷатӣ тамошо карданд.

Дар фуроварди машғулият семинар  аз тарафи  директори Планетария М.Қосимов  ва мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Носирова Таҳлили рафти ташрифи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба Планетария ба таври васеъ таҳлил карда шуда,таъкид карда шуд,ки барои баланд  бардоштани ҷаҳонбинии илмии хонандагон  Планетария роли бағоят калоне бозида метавонад. Аз ин рӯ аз ин маркази илмӣ маърифатӣ ба таври бояду шояд истифода бурд.

Гузарондани чунин чорабиниҳо бо муаллимони физика ва астрономияи шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон низ дар назар дошта шудааст.

Самеъҷон Хошоков

Ҷонишини директори Планетария.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>