Имрӯз дар Раёсати маорифи вилоят семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ташаккули малакаҳои дараҷаи баланди фикрронӣ дар низоми интерактивии таълим» бо иштироки  омӯзгорони маҳфилҳои фаннии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол баргузор гардид.

Семинарро директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев ифтитоҳ бахшида, оиди мақсади гузаронидани семинар, фаъолияти маҳфилҳои  Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва  дастовардҳои аъзоёни маҳфилҳо сухан ронд.

Кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят Султонова Р., Усмонов Н. доир ба ташкили озмун барои дарёфти хонандагони болаёқат, баҳо додан ба сифати дониш, малакаю маҳорати  хонандагон, мониторинг ва таҳлили сифати дониши маҳфилчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Онҳо  аз рӯи слайдҳо доири усулҳои таълим (ғайрифаъол, фаъол), моҳият ва роҳу усули омӯзиши интерактивӣ, истифодаи он дар рафти машғулиятҳо, ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ дар рафти таълим нақлҳо намуданд. Иштирокчиёни семинар  аз рӯи таҷрибаи худ доир ба  усулҳои таълим  фикру мулоҳизаҳо баён намуданд ва  байни онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Иштирокчиёни семинар қайд намуданд, ки доири роҳу усулҳои корбарӣ бо хонандагони болаёқат, тарзи дарёфти хонандагони болаёқат, мониторинг ва баҳодиҳӣ ба сатҳу сифати дониши хонандагон, усулҳои таълимӣ (ғайрифаъол, фаъол, интерактивӣ), истифодаи он дар рафти машғулиятҳо, ҳалли муаммоҳои проблемавӣ маълумот гирифтанд ва дар оянда аз рӯи он корбарӣ хоҳанд намуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>