калегия1Дирӯз дар толори мактаби хусусии “Ирфон” – и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид. Дар ҷаласа, ки бо иштироки муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. гузашт, кормандони масъули Раёсат, намояндагони сохторҳои зертобеъ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд.
— Ҷаласаи мушовара асосан ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи Раёсати маорифи вилоят бахшида шуд ва дар рафти он 20 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, гузориш оид ба тасдиқи нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи дуюми соли 2017, Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002, № 200 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии таҳсилот» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан, омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонкалегия «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, пешниҳодҳои Прокуратураи вилояти Суғд оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба иҷрои қонунгузорӣ дар бораи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, ҳолати санитарӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, таъминоти моддию техникӣ ва омодагии истироҳатгоҳҳои кӯдакона дар вилояти Суғд, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии баррасишуда буданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. аз шахсони масъул пурсиш ба амал овард. Ҷаласаи мушовара бо вазифагузориҳои сардори Раёсати маорифи вилоят ба охир расид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>