DSCF1084Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №1729 тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 24-июли соли равон нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят бо намояндагони беш аз 20 воситаҳои ахбори чопию электронии маҳаллӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва нашрияҳои соҳавӣ доир гардид.

Нахуст Осим Каримзода оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти маорифчиёни вилоят дар нимсолаи аввал гузориши муфассал дода, аз ҷумла зикр дошт, ки дар соли хониши 2016- 2017 даҳ муассисаи таълимӣ зиёд шуданд. Умуман дар вилоят 924 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолияти бомаром доранд. Мавсуф дар идомаи суханронии худ аз омодагии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, ҷараёни баргузории квотаи президентӣ, аз таълими ҳатмӣ берун мондани толибилмон, натиҷаҳои Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, фаъолияти муассисаи давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар  вилояти Суғд, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсат, натиҷаҳои олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, ҳолати кунунии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, натиҷаҳои ҳуҷҷатсупории довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ, ҷиноятсодиркунии байни хонандагон ёдовар шуд.

Дар рафти саволу ҷавоби озод вобаста ба масоили муҳими соҳа, аз ҷумла, мукаммал намудани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ дар истироҳатгоҳҳо, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таъмиру сохтмони иншоотҳои соҳа, таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ, вазъи комбинатҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва ғайра сардори Раёсати маорифи вилоят ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб дод.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ бо мақсади додани маълумоти бештар ба ҳамаи кормандони васоити ахбор пресс- релиз дастрас гардид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>