IMG-89f69baa41912af84587f1f5dc26d348-VҶаласаи Раёсати маорифи вилоят тариқи онлайн тавассути шабакаи интернетӣ доир шуда, дар он сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода оид ба масъалаҳои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус дар муассисаҳои таълимӣ, раванди ҷамъбасти соли таҳсил, аттестатсияҳои хатми синфҳои 9 ва 11, пардохти музди меҳнат ва рухсатиҳои омӯзгорон, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии хусусӣ, омодагии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдат, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020 — 2021, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба мавсими соли нави хониш, иҷрои Барномаҳои давлатии компютеркунонӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, таъминоти кадрӣ ва ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, таъмини китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дархости воқеӣ, омодагии урдугоҳҳо ба мавсими нави истироҳату фароғати хонандагон аз сардорони раёсатҳои маориф ва мудирони шуъбаҳои шаҳру навоҳии вилоят пурсиш ба амал овард.    изображение_viber_2020-05-13_15-23-26изображение_viber_2020-05-13_15-23-32Зикр гардид, ки яке аз василаҳои эмин мондан аз бемории сироятии коронавирус “COVID — 19” ин, пеш аз ҳама, риояи гигиенаи шахсӣ буда, дар ин замина дастур дода шуд, ки масъалаи таъминоти муассисаҳо бо оби нӯшокӣ, ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ гардонидани мабразхонаҳо ва безараргардонии муассисаҳои таълимӣ мавриди назорати ҷиддӣ қарор гирифта шавад. Самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини назди муассисаҳои таълимӣ, таъмиру тармими биноҳои таълимӣ дар давраи таътил бояд аз ҳозир шурӯъ гарданд.
Сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Б. Ғафуров, Исфара, Бӯстон ба саволу пурсишҳои худ посух гирифта,  аз корҳои басубутрасонида дар мавриди ҷараёни ҷамъбасти таҳсил ва раванди атттестатсияҳои хатми синфҳои 9 ва 11, иҷроиши барномаҳои давлатӣ гузориш доданд.
Дар хотимаи ҷаласа таъкид шуд, ки минбаъд низ чунин ҷаласаҳо тариқи онлайн тавассути шабакаи интернетӣ зуд — зуд доир карда шуда, камбудию норасоиҳои соҳа дар он матраҳ мегарданд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>