DSC_0121Қаҳрамониву диловариҳои падарону бобоёни мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  барои наслҳои оянда намунаи олии ватандӯстиву родмардӣ хоҳад буд. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи ғалаба бо мақсади арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои неку шоиста анҷом дода мешавад.
Соли равон низ ба ифтихори 75 – солагии ғалабаи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулии якдафъаинаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаҷми   6 (шаш) ҳазор сомонӣ ва кӯмакпулии Раиси вилоят ба андозаи 4 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид.
DSC_0099Бо мақсади тақдими кӯмакпулиҳои Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят, расонидани номаи муборакбодии Пешвои муаззами миллат ба ифтихори ин ҷашн субҳи имрӯз Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Собирзода Нуралӣ Миралӣ ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода  19 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардаро дар ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров аёдат намуданд.
Зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз корнамоиҳои бемисли онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки ватан синаи худро сипар намудаанд. Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷоъи ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд. Зикр гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ таҳти таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимӣ қарор доранд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>