Бо мақсади дар таътили тобистона ба машғулият фаро гирифтани хонандагон бо дастури Раёсати маорифи вилояти Суғд дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят айни замон 16 маҳфилҳои техникони ҷавон, табиатшиносон, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва кишваршиносӣ тариқи онлайн — фосилавӣ бо фарогирии 220 нафар хонандагон фаъолият доранд. Устодон ҳамарӯза маҳсули дастони толибилмонро назорат бурда, барои сайқали ҳунару маҳорати онҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки чунин ташаббусро марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии Истаравшан, Конибодом, Ашт, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен пайравӣ намуда, тариқи фосилавӣ шавқмандонро ба маҳфилҳо ҷалб мекунанд.Тавре Фирдавс Ашӯрматов, сардори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят иттилоъ дод, дар умум ба ин маҳфилҳо 1000 нафар хонандагон ҷалб шудаанд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуоти Раёсати маорифи вилояти Суғд