Дар асоси қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №11/2 аз 15.05.2014 «Оид ба тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон» поёни соли хониши 2015-2016 Мамадҷонова Гавҳар ва Фаррухзода Комрон аз мактаби №1 шаҳри Конибодом, Икромова Ҳусноро аз мактаби №42 ноҳияи Ашт сазовори медали тилло гардиданд.

Қодирова Нодира аз гимназияи Гёте шаҳри Хуҷанд, Музаффарзода Ганҷина аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 шаҳри Конибодом соҳиби медали нуқра шуданд.

Хатмкардагон Набиева Махфират аз таълимгоҳи №21 шаҳри Хучанд ва Раҳимова Нодира аз Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон ба гирифтани «Ифтихорнома» –и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шарафёб шуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>