15 январ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони сохторҳои зертобеъ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид, ки он ба ҷамъбасти фаъолияти маорифчиён дар соли 2015 бахшида шуд.
Нахуст иштирокчиёни ҷаласа суханронии сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзодаро доир ба «Ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016» шуниданд. Барору пешравиҳо, норасоиҳои мавҷуда ва вазифаҳои маорифчиёни вилоят дар соли ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии муфассали мавсуф баёни худро ёфтанд.
Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи аввали сол тасдиқ гардида, рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02. 10. 2010, №475 «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016» дар вилоят, Пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 07. 01. 2016, №21/2-16 оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба фаъолияти ғайриқонунии директори МТМУ №23 – и шаҳри Хуҷанд Неъматов М. П., қарори Шӯрои дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифро аз 16. 12. 2015, №15/7 «Оид ба натиҷаи санҷиши иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, фаъолияти бахшҳо, гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Ҷ. Расулов» мавриди баррасии ҳамаҷиҳата қарор гирифтанд.
Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ дар назди ҳозирин оиди вазифаҳои муҳими кормандони соҳа сухан ронд, ки иҷрои онро дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тақозо мекунанд. Дар иртибот ба масъалаҳои баррасишуда Назира Ғаффорӣ аз масъулин доир ба камбудиҳои мавҷуда пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи саривақтии онҳо вазифагузорӣ намуд.
Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.