Олимпиадаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи 13 фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ, ки аз 13 то 16.01.2016 бо иштироки 825 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мактаби Президентии шаҳри Чкалов дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид, ҷамъбаст гардид.

Дар олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Ҷ.Расулов бештар ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд. Аз ҷумла, шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳияи Б.Ғафуров 20 ҷой, шаҳрҳои Исфара 16 ҷой, Хуҷанд 11 ҷой, Конибодом 7 ҷой, ноҳияи Ҷ.Расулов 7 ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.

olimpiada_sugd_maorif_riyoziДар олимпиада хонандагони литсейи №1-и шаҳри Исфара (6 ҷой), мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Б.Ғафуров (4 ҷой), гимназияи № 1-и ноҳияи Б.Ғафуров (3 ҷой), литсейи № 1-и шаҳри Хуҷанд (3 ҷой),  мактаби Президентӣ мактабҳои хусусии «Пӯлотов»-и шаҳри Хуҷанд, «Сафина»-и ноҳияи Б.Ғафуров, литсейи № 1-и шаҳри Конибодом, гимназияи № 1-и ноҳияи Ҷ.Расулов, гимназияи № 1-и шаҳри Конибодом, литсейҳои № 2 ва № 5-и шаҳри Исфара (2 ҷойӣ), муассисаҳои таълимии № 10-и ноҳияи Б.Ғафуров, № 16-и ноҳияи Ҷ.Расулов, № 29-и ноҳияи Мастчоҳ, № 20-и ноҳияи Айнӣ,  № 10-и шаҳри Хуҷанд (2 ҷойӣ)  бештар  ғолибият  ба даст оварданд.

Умуман аз натиҷаи олимпиадаи вилоятӣ 78 нафар ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3 қадрдонӣ карда шуда, 50 нафар барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилоят сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>