Мувофиқи нақшаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳои равияи техникӣ, бедор намудани шавқи онҳо ба омӯзиши техника ва ихтироъкорӣ, вусъат додани интихоби касб дар байни хонандагони мактабҳо, ҳамасола озмуни «Техникони наврас» ташкил ва гузаронида мешавад.  

Озмуни вилоятии «Техникони наврас» санаи 18 майи соли 2016 дар Гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан гузаронида шуд.

Дар озмун 16 дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Панҷакент, Б.Щафуров, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Щончӣ, Ҷ.Расулов, Ашт, Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен, Бӯстон, Гулистон ва Мастчоҳ мусобиқа намуда, донишу малакаи худро нишон доданд. Аз сабаби номусоидии ҳаво дастаҳо аз ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок карда натавонистанд.

Озмуни вилоятӣ дар се давр гузаронида шуд.

Дар даври якуми озмун ҳамаи хонандагони хоҳишманд аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ иштирок карданд. Ба даври дуюми озмун щолибони озмуни даври якум дар ҳайати даста иштирок карданд. Ва аз щолибони даври дуюми озмун дастаи шаҳр, ноҳия таъсис дода шуда, ба даври сеюми озмун – даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Ба озмун ҳакамонҳо аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Планетарияи шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таклиф шуда, буданд.

Озмуни вилоятии «Техникони наврас» аз рӯи низомнома аз ҳафт бахш «Радиоконструкторӣ», «Авиамоделӣ», «Мошинаҳои ояндаи коинот», «Киштии ояндаи обӣ», «Автомоделӣ», «Шаҳри оянда» ва «Ихтироъкорон» гузаронида шуд. Ҳар як бахши озмун аз рӯи ду намуд: назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуда, дар он санҷиши дониши назариявӣ аз рӯи ҳимояи нақшаи нигора бо шаҳодатнома, навоварӣ дар нигора, ороиши нигора, ҳаракатҳои нигора, санҷиши кори амалӣ ва саволҳои санҷишӣ аз тарафи ҳакамонҳо баҳо гузорӣ карда шуд. Ва дар натиҷаи ҷамъбасти баҳоҳо щолибони бахшҳои озмун муайян гардиданд.

Аз бахши «Радиоконструкторӣ»

ҷойи якум – Щаюров Манучеҳр хонандаи синфи 9 МТМУ №21, ш. Хуҷанд

ҷойи дуюм – Каюмов Меҳроҷ хон. синфи 9, Гимназияи №1, Истаравшан

ҷойи сеюм – Камолов Шаҳзод хон. синфи 7 Литсейи  №1, ш. Панҷакент

Бахши «Авиамоделӣ»

ҷойи якум – Абдуллоев Б. хонан. синфи 9, гимназияи №4 ш.Хуҷанд

ҷойи дуюм – Бобокалонов Т. хон. синфи 9 МТМУ №1, ш. Панҷакент

ҷойи сеюм – Худойбердиев У. хон. синфи 11 МТМУ №3, н.Ҷ.Расулов

Бахши «Мошинаҳои ояндаи коинот»

ҷойи якум – Муродова Азиза хон. синфи 8 МТЩУ ш. Хуҷанд

ҷойи дуюм – Қайюмов Абдусамеъ  хон. синфи9 МТМУ №3, ш. Панҷакент

ҷойи сеюм – Саидов Некрӯз хон. синфи 9 гимназияи №1, ш. Истаравшан

Бахш «Киштии ояндаи обӣ»

ҷойи якум – Мамутов Бекир хон. синфи 11 Гимназияи №13, ш.Хуҷанд

ҷойи дуюм – Муинов Комрон хонандаи синфи 10 литсейи№1, ш.Истаравшан

ҷойи сеюм – Қобилова Гулҷаҳон хон. синфи 10 гимназияи №1, ш. Конибодом

Бахши «Автомоделӣ»

ҷойи якум – Мирҳабибов Лутфулло хон. синфи 10 МТИ, н.Ҷ.Расулов

ҷойи дуюм – Ваҳобов Акмал хонан. синфи 10 литсейи №2, н.Ашт

ҷойи сеюм – Эгамназаров Шоҳрух. хон. синфи 10  МТМУ №43, Деваштич

Бахши «Шаҳри оянда»

ҷойи якум – Ҳикматов Муҳаммад хон. синфи 11 МТМУ №20, н.Ҷ.Расулов

ҷойи дуюм – Юлдошев Бахтовар синфи 7  МТМУ №2, н.Ашт

ҷойи сеюм – Муқимов Чеҳрон хон. синфи 11  МТМУ №28, ш.Истаравшан

Бахши «Ихтироъкорон»

ҷойи якум – Файзов Зоирҷон хонандаи синфи 11 МТМУ №10, ш.Хуҷанд

ҷойи дуюм – Рахматов Шерхон хон. синфи 9 МТМУ №1, ш.Истаравшан

ҷойи сеюм – Замонов Эраҷ хон. синфи 10 МТМУ №47, ш. Панҷакент

Ҳакамонҳо ҳамаи хонандагонро сазовори щолибият дониста ба эҷодиётҳои ояндаи онҳо муваффақиятҳо таманно намуданд.

Аз рӯи ҷамъбасти баҳоҳои дастаҳо, дастаи Хуҷанд сазовори ҷойи якум, дастаи Истаравшан сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Панҷакент сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ҳамаи щолибон бо диплом, иштирокчиёни фаъол бо сипоснома барои иштироки фаъолона ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>