Бо маысади тарғибу ташвиыи тарзи ҳаёти солим, ҷалби хонандагон ба омӯзиши Барномаи олимпӣ ва машыҳои ҷисмонӣ инчунин дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.03.2016 таҳти №688 дар бораи гузаронидани 3-юмин Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 29.03.2016 таҳти 82 дар бораи гузаронидани 3-юмин Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят санаи 17.05.2016 даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин олимпиада аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят 16 шаҳру ноҳия иштирок намуданд. Ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ иштирок нанамуданд. Олимпиада аз руи бахшҳои зерин: супоридани тест оид ба тарбияи ҷисмонӣ, таърихи варзиш ва ҳаракати олимпӣ, ыувваозмои дар се навъи варзиш: давидан ба масофаи 100м, танбардорӣ (барои писарон), афшурдан бо дастҳо аз замин (барои духтарон) ва ҷаҳидан ба дарози аз ҷойи баромад карда, гузаронида шуд.

Олимпиада чунин ҷамъбаст гардид: байни духтарон ҷои якум насиби Самиева Ирода хонандаи синфи 9 МТМУ №12-и шаҳри Исфара, ҷойи дуюм Абдуллоева Шаҳодат гимназияи №1 ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷойи сеюм насиби Муллоҷонова Маниҷа хонандаи синфи 11 МТМУ№ 10 ноҳияи Б.Ғафуров, байни писарон ҷойи якум Каримов Ҳасанҷон хонандаи синфи 11 МТМУ№24, ҷойи дуюм Содиыов Ашраф хонандаи синфи 11 МТМУ№25 ҷойи сеюм насиби Муллоҷонова Маниҷа хонандаи синфи 11 МТМУ№10 гардид.

Ҳамаи ғолибони даври вилояти ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мазкур санаи 26-29 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>