Дар муассисаи таълимии «Мактаби Ирфон» бахшида ба Соли оила чорабинии ҷолиби фарҳангӣ ташкилу баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва роҳбарони синфҳои онҳо таҳия шуда, дар он падару модарон низ ширкат доштанд. Хонандагон бо се забон саҳначаҳоро пешкаши ҳозирин намуданд. Мазмуну мӯҳтавои саҳначаҳо аз инъикоси хушбахтии оила, мавқеи фарзанд дар оила, эҳтироми калонсолон иборат буд.

Муассиси таълимгоҳ А.Қурбонов чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба мактабиён дар омӯзиши илму дониш равнақу барор орзу намуд.

М.Собирова-директори
мактаби «Ирфон»-и шаҳри Хуҷанд

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>