Тибқи нақшаи кории Маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсияи шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ озмуни ноҳиявии «Эҷодкорони наврас» гузаронида шуд. Дар он намояндагон аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия С. Азизов, Хадамоти давлати назорат дар cоҳаи маориф А. Шарипов ширкат намуданд.

Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ҳамчунин бо мақсади тарғиби касбомўзӣ байни ҷавонон, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо ва ривоҷи дустии байни наврасон ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабиниро директори муассиса О.Шарифова оғоз бахшид. Озмун аз рўи шартҳои: кор бо системаи оператсионии Windows, бо барномаи таҳриргари матнии Word, бо шабакаҳои Интернет, маҳорати барномасозӣ дар равзанаи QBasic, бо ППС Калкулятор, газетаи девории беҳтарин, кори эҷодии беҳтарин, аёниятҳои дастисози беҳтарин,  слайди беҳтарин  идома дода шуд. Дар озмуни мазкур 46 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат карданд.

Фаъолияти хонандагони МТМУ №6, 16, 17, 27, 31, МТУА №1 ва литсейи №2 дар озмун хуб арзёбӣ гардиданд ва хонандагони ин муассисаҳо ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб шуданд.

Дар поёни чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён мукофотҳо ва ба ғолибон Ифтихорномаҳои кумитаи тадорукот супорида шуд.

А. Убайдов, мутахассиси
Маркази технологияи информатсионц
ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>