Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и ноҳияи Ғончӣ, ки яке аз мактабҳои пешқадам ба ҳисоб меравад, машварати навбатии семинари доимоамалкунандаи директорони мактабҳо бо иштироки раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод доир гардид. Иштирокчиёни семинар бо таҷрибаи пешқадами мактаб доир ба ташкили таълим аз рӯи равиявҳо шинос шуданд. Онҳо ба машщулиятҳои омӯзгорони мактаб М.Мавлонов, Ҷ.Акрамов, Г.Бобоева ва дигарон иштирорк намуда, баромади директори мактаб Ҷумъабой Ҳусейновро оид ба натиҷаҳои ташкили таълими равиявӣ шуниданд.

Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод дар баромади худ диққати ҳозиринро ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр ёфтаанд, равона намуда, сарварони мактабҳоро ба баланд бардоштаи сатҳи таълиму тарбия, бунёди иншоотҳои таълимӣ, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии хонандагон, омӯзиши забонҳои русию англисӣ аз ҷониби онҳо талб намуда, дар як вақт аз камбудию нуқсонҳо, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст, ҳарф зад.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>