Санаи 08.04.2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор шуда, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд. Дар ҷаласаи Шӯро 6 масъала, аз ҷумла, ҷамъбасти фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар семоҳи аввали соли 2020, рафти иҷрои талаботҳои моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон ва Спитамен, натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Б. Ғафуров, натиҷаи санҷиши риояи талаботҳои Низомнома дар Марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсат ва шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Исфара ва Ашт, натиҷаи мушоҳидаи рафти баргузории аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара, рафти иҷрои замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд ва литсейи №1-и ноҳияи Спитамен мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Баъди муҳокимаи ҳамаҷониба доир ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар ҷамъбасти кори Шӯро муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов масъулини бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва иштирокчиёни ҷамъомадро ҷиҳати саривақт ва босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои додашуда, вазифагузорӣ намуда, қайд намуд, ки ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла, бемории коронавирус тибқи дастурҳои мавҷуда тадбирҳои муассир рӯи кор оварда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби мутахассисон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Инчунин барои пешгирӣ аз сироятёбӣ дастур дода шуд, ки омӯзгорону хонандагон бо ниқоби ҳимояткунанда ба машғулият ҳозир шуда, ҳамарӯза оид ба давомоти хонандагон, захираи хлор, ниқобҳо, спирт, дастпӯшакҳо маълумотҳо гирд оварда шаванд.
Баҳоваддин Хоҷаев,
сармутахассиси шуъбаи
Хадамоти давлатии назорат
дар соҳаи маорифи вилояти Суғд