Санаи 11 май бо иштироки муовини сардори Раёсати морифи вилоят Сайфулло Раҳматов ва сарварони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар рафти чорабинӣ асосан масъалаҳои омодагии муассисаҳои таълимӣ ба ҷамъбасти соли хониш, таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасон, ташкили истироҳати тобистона, қабул ба синфи 1 ва зинаи сеюми таҳсилот, таъминот бо рӯзномаю китобҳои дарсӣ ва дигар ашёи хониш баррасӣ шуд.

Аҳли толор махсусан масъалаи таъминоти хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва мақолаи «Либосбизнес дар мактаб» -ро (Ҳақиқати Суғд, №53 аз 03.05.2016) ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор доданд. Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда муовини сардори Раёсати маорифи вилоят ибрози андеша намуда, таклифу пешниҳоди сарварони мактабҳоро шунид ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифагузорӣ намуд.

Имрӯз ҳамин гуна ҷаласаи корӣ вобаста ба масъалаҳои мазкур бо ширкати сарварони мактабҳо ва мудирони кӯдакистонҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Дар назди иштирокчиёни чорабинӣ муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов ва мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова баромад ва вазифагузорӣ карданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>