Тибқи нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят таҳти рақами 75 аз санаи 25 марти соли равон дар бораи ташкил ва гузаронидани сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо дирӯз дар гимназияи рақами 1-и шаҳри Конибодом беҳтарин толибилмони вилоят, аз рӯи 18 бахш дониш ва малакаи худро нишон доданд. Баҳри шаффофияти баргузории озмун устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси ҳакамон ширкат варзиданд. Дар ҷамъбаст толибилмони шаҳри Хуҷанд бо ба даст овардани 9 ҷойи аввал, Бобоҷон Ғафуров 3 ҷой, шаҳрҳои Конибодому Гулистон -2 ҷойи ва ноҳияҳои Ашту Масчоҳ соҳиби  1 ҷойи гардиданд. Ба ҳайати ҳакамон муаррифии фанҳои рӯзноманигорӣ аз ҷониби Парвина Содиқова, хонандаи МТМУ №34-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Юлдошева Зарнигор аз фанни таърих, хонандаи гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд, Шаҳриёр Мирзоев аз фанни физика, хонандаи гимназияи №1-и шаҳри Гулистон,  Лутфулло Иноятов аз фанни биология, хонандаи литсейи №2-и ноҳияи Масчоҳ ва Парвина Юлдошева аз фанни математика, хонандаи литсейи №2-и ноҳияи Ашт хеле писанд афтод.

Ғолибони ҷойи аввал  ба даври ҷумҳуриявии сесияи Академияи хурд роҳхат гирифтанд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>