Оғози мавсими солимгардонӣ дар кӯдакистонҳо

Дар вилоят 226 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият бурда, дар онҳо 36132 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамасола дар гурӯҳҳои синну солӣ моҳҳои июн — август давраи солимгардонии кӯдакон гузаронида мешавад. (далее…)

Фестивали «Оши палов» бахшида ба соли гулҳо

Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» чорабинии идона доир гардид. (далее…)

Сохтмони мактабҳо дар вилояти Суғд

Соли ҷорӣ дар вилоят бунёди 15 иншооти соҳаи маориф ба нақшаи иншоотҳои сохташавандаи идораи сохтмони асосии вилоят ворид гардидааст. Дар давоми соли равон сохтмони бинои нави таълимӣ дар назди мактаби №19-и ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 400 ҷойи нишаст ба тариқи ҳашар бунёд ёфта, ҳамзамон сохтмони бинои нави таълимӣ дар маҳаллаи Ҷалолиддини Румии ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардида, идома дорад. (далее…)

Дар мактабҳо «Занги камолот» садо дод

6 инюни дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.04.2015, № 936 «Дар бораи гузаронидани чорабинии «Занги камолот» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» чорабинии тантанавӣ доир ба хатми мактаб доир гардид. (далее…)

Таҳлили рафти омодагӣба истироҳати тобистона

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят бо иштироки муовини Раиси вилоят Н. Ғаффорӣ, сардори раёсати маорифи вилоят О.Каримзода, раиси Шурои Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Т.Ғафуров, аъзоёни ситоди «Тобистон-2015» — масъулини раёсатҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, корҳои дохилӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, хадамоти оташнишонӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва Марказҳои солимгардонӣ, кормандони воситаҳои ахбор ва дигар намояндагони сохторҳои дахлдор ҷаласа оид ба рафти омодагӣ ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон доир гардид.

Оид ба вазъи омодагии истироҳатгоҳҳо раиси Шурои Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Т.Ғафуров гузориш дод. Вабаста ба қоидаҳои қабули кӯдакон, ҳифзи саломатии онҳо, таъминоти истироҳатгоҳҳо бо қувваи барқ, оби нӯшокӣ, маводҳои ғизоӣ, пешгирӣ аз сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои нохуш дар истироҳатгоҳҳо ва ташкили чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ баромади намояндагони мақомотҳои дахлдор шунида шуд.

Сардори раёсати маорифи вилоят О.Каримзода таъкид намуд, ки то имрӯз аз 19 истироҳатгоҳҳо ҳамагӣ 3 адади онҳо ба қабули кӯдакон омода ҳастанду халос. Лекин аз ҷониби ташкилоту корхонаҳое, ки истироҳатгоҳҳо дар тобеияти онҳо мебошанд ва ташкилотҳои сарпараст маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, корҳои таъмиру омодагӣ дар онҳо босуръат идома доранд.

Дар ҷамъбаст муовини Раиси вилоят Н. Ғаффорӣ дастур дод, ки дар рафти ташкили истироҳати тобистона ба масъалаҳои таъмини истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои касбӣ, ҷалби бештари ғолибони олимпиадаҳо, хонандагони болаёқат, аз оилаҳои кабизоат ва ятимону бепарастормондагон аҳамият дода шуда, кор бо онҳо дар доираи Созмони талабагӣ, маҳфилҳои фаннӣ, ҳунарҳои миллӣ, омӯзиши забонҳо, компютер, бозиҳои серҳаракат ба роҳ монда шавад.

Таъкид гардид, ки интихоби кадр, муайян намудани нархи роҳхатҳо, номгӯи таомҳо, сайру гашт, экскурсияҳо ба ҷойҳои таърихӣ, интихоби филмҳои намоиш додашаванда ва барномаҳои консертӣ бо раёсати маорифи вилоят мувофиқа карда шавад.

Барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва пурра омода намудани истироҳатгоҳҳо ба масъулин то 10 июн муҳлат дода шуд.

Семинарии дурӯза оид ба омӯзишҳои минтақавӣ вобаста ба огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо

Бо ташаббуси Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо имрӯз дар толори раёсати маорифи вилоят семинарии дурӯза оид ба омӯзишҳои минтақавӣ вобаста ба огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва муҳимоти нотаркида оғоз гардид. Ба чорабинӣ омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ ва методистони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои назди сарҳадӣ ҷалб гардиданд. (далее…)

1101 довталабон барои дарёфти Квотаи президентӣ

Дирӯз дар толори раёсати маорифи вилоят бо иштироки масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо семинарии дастурдиҳӣ оид ба ташкилу гузаронидани сӯҳбат барои дарёфти квотаи президентӣ ҷиҳати дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ доир гардид. (далее…)