изображение_viber_2022-05-07_13-30-38-998 Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилоят, ки санаи 7-уми майи соли 2022 бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо баргузор гардид, дар меҳвари таваҷҷуҳ – сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

       изображение_viber_2022-05-07_13-30-38-797 Аз натиҷаҳои рафти санҷиш дар шаҳру навоҳии Гулистон, Исфара, Ашт, Мастчоҳ, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров ва ҳолати муассисаҳои томактабӣ кормандони масъули дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят Исмоилова С., Тошматова Г, Сарҳадов. Б., Бобозода. М., Зокирзода. Р., Раҳмонов Н ва дигарон гузориш доданд.
Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, танзими сарулибоси ягонаи мактабӣ, риояи либосҳои расмӣ аз ҷониби омӯзгорон, тозагии саҳни муассисаҳои таълимӣ, иҷроиши барномаҳои давлатии таълимӣ дигар масъалае буд, ки доир ба онҳо иштирокчиёни ҷаласа фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>