280228638_371043205069402_4853766081826116635_n Дар толори варзишии Гимназияи Гёте мусобиқаи шаҳрӣ марҳилаи дуюм оид ба волейбол бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рузи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамбаст гардид. Мусобиқаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои макомоти ичроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он 32 даста волейболбозон аз муассисаҳои таълими иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.

   279712983_371043085069414_5138544507029803901_nДар маросими ҷамбастии мусобиқа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуд.
Иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад. Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

  279851668_371043165069406_1404018092455281866_n  Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба дастаҳое, ки дар мусобиқаҳои болозикр ба ғолибият шарафёб гардидаанд, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>