фотоБо ташаббуси телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» озмуни «Ҳозирҷавобони наврас» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кишвар давом дорад. Дар асоси Низомнома даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ ва даври дуюм дар шаҳру навоҳӣ сурат гирифта, ғолибони даври шаҳру навоҳӣ дар вилоят дониш ва маҳорати худро санҷиданд.      Санаи 28 апрел дар театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмун баргузор гардида, аз байни беш аз 15 дастаҳои хушдилони вилоят дастпарварони муассисаҳои таълимии №№5, 7, 13-и бо номи «Истиқлол»-и шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ғолибият ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Махсусан ҳунарнамоии толибилмони ин даста Алданбердиев Умед, Пулотов Ҷаҳонгир, Узарова Сарвиноз, Узарова Мадина, Ҳошимова Паризод аз МТМУ №5, Назармаматова Занура, Назармаматова Фарангис, Усмонов Кимсанбой, Эрматова Севинч, хонандагони МТМУ №7 ва Одинаев Бахтиёр-хонандаи МТМУ №13 ба ҳайати ҳакамон писанд афтод.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>