Соли сеюм аст, ки дар кишвар қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус тариқи Маркази миллии тестӣ ҷараён мегирад. Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми кишвар дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ санаҳои 18-20 январ 25 нафар мутахассисони соҳаи маорифро бо ҷараёни имтиҳонот ва баъзе тағйиру иловаҳои имсола ошно намуда, онҳоро аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронид. Ин нафарон ҳамчун тренер муддати се рӯз тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 126 санаҳои 27-29 январи соли равон дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят даври дуюми курсҳои омӯзишӣ барои муовинони директорони мактабҳо ва омӯзгорон мегузаронанд.

Субҳи имрӯз намояндаи ваколатдори Раёсати маорифи вилоят дар бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ Раҳматҷон Зокиров дар расми ифтитоҳи курсҳои се рӯзаи муовинони директорони шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ширкат варзида, аз шароити баргузории семинар аз наздик ошноӣ пайдо намуд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки семинари мазкур дар сатҳи хеле баланд доир шуда, тренерон бо истифода аз проектору тахтаҳои электронӣ раванди имтиҳоноти марказонидаи дохилшавии соли 2016-умро ба муовинони директорон мефаҳмониданд.

Зимни суханронии хеш мавсуф аз тағиротҳои низоми имсолаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, аз ҷумлаи ворид шудани боз 18 коллеҷҳои самтҳои тиббӣ, техникӣ ва омӯзгорӣ ба феҳрасти Маркази миллии тестӣ, 75 холи изофа бар довталабоне, ки хизмати ҳатмии ҳарбиро адо кардаанд, сухан ронда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар фаҳмонидани бандҳои роҳнамои довталаб ба муҳассилини мактабҳои вилоят фаъол бошанд.

Пас аз хатми семинарии се рӯза ба масъулин ҳамчун дастури раҳнамоии диску дигар маводҳои таблиғотӣ дода мешавад ва он миёни довталабон паҳн карда мешавад.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>